Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Горан Ҳаҷич дар Сербистон боздошт шуд


Горан Ҳаҷич баъди боздошт
Горан Ҳаҷич баъди боздошт
Сербистон Горан Ҳаҷич, охирин нафар дар феҳрасти афроди таҳти пайгарди Додгоҳи Ҳейгро боздошт кард. Раисиҷумҳури Сербистон Борис Тадич гуфт, боздошти Ҳаҷич аз иҷрои комили масъулиятҳои ҳуқуқӣ ва қарзи ахлоқии Белград дар наздики додгоҳи Ҳейг дарак медиҳад. Ҳаҷичи 52-сола дар солҳои ҷанги қавмии солҳои 1991-1995 байни хорватҳову сербҳо дар Хорватия раҳбари Српска Краина буд. Додгоҳи СММ ӯро ба ҷиноёти алайҳи башарият, аз ҷумла ба даст доштан дар қатли омми сокинони ғайрисерби Вуковар дар соли 1991 айбдор мекунад.
XS
SM
MD
LG