Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Белград хабари боздошти Ҳаҷичро тайид кард


Горан Ҳаҷич
Горан Ҳаҷич
Мақомоти Сербия боздошти Горан Ҳаҷич, охирин муттаҳам дар ҷиноёти низомӣ замони ҷанг дар нимҷазираи Балкан дар солҳои 90-уми қарни гузаштаро тайид карданд. Ҳаҷич мавриди кофтукоби Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг қарор дошт.

Ба гуфтаи Борис Тадич, раисиҷумҳури Сербия, Горан Ҳаҷич субҳи рӯзи чаҳоршанбе дар боғи миллии Фрушка-Гора, воқеъ дар шимоли кишвар, дастгир шудааст.

Аз ин пештар дар бораи боздошти ӯ расонаҳои Сербия хабар дода буданд.

Ҳаҷич сарвари, ба истилоҳ, Ҷумҳурии Сербҳои Краина буд, ки то соли 1995 дар хоки Хорватия арзи вуҷуд дошт. Ӯ ҳафт сол боз аз таъқиби додгоҳӣ фирор мекард.
XS
SM
MD
LG