Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 16 тани дигар дар Ҳумси Сурия


Бино ба хабарҳо, нирӯҳои амниятӣ ва шибҳанизомиёни содиқ ба раисиҷумҳури Сурия Башшор Асад дар шаҳри Ҳумс 16 нафарро ба ҳалокат расондаанд. Фаъолон мегӯянд, қатли 10 азодор хунинтарин мавриди куштори дирӯза дар Ҳумс буд. Аз поёни ҳафтаи гузашта то имрӯз дар ин шаҳри ошӯбзада 33 нафар ҷон бохтаанд. Нирӯҳову тонкҳо бори аввал дар посух ба эътирозҳо ду моҳ пеш вориди ин шаҳри воқеъ дар 165-километрии шимоли Димишқ – пойтахти Сурия шуданд.
XS
SM
MD
LG