Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон зимни боздидаш аз Ҳинд, ки ҳафтае баъд аз бомбгузориҳои хунини Мумбай сурат гирифт, хостори ҳамкорӣ бо Ҳинд дар масоили ҳастаӣ ва амният шуд. Клинтон баъди музокирот бо раҳбарони Ҳинд гуфт, аз тасмими Ҳинду Покистон ҷиҳати азсаргирии раванди сулҳ хуш шуда, расидагӣ ба масъалаи меҳварии терроризмро хеле муҳим номид. Ҳамтои ҳиндии ӯ С.М. Кришна аммо изҳори нигаронӣ кард, ки хуруҷи нирӯҳои Амрико аз Афғонистон метавонад ба бесуботӣ роҳ кушояд.