Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Гаравгонгирии кормандони як созмони амрикоӣ дар Балуҷистон

Полиси Покистон гуфт, ки имрӯз афроди мусаллаҳ ҳашт корманди созмонҳои имдодрасонро, ки дар ҷанубуғарби кишвар савори мошин ҳаракат мекарданд, боздошт карда гаравгон гирифтанд. Мақомот гуфтанд, ки кормандони созмони хайрияи амрикоии Кумитаи муҳоҷирон дар минтақаи Сурхоби вилояти Балуҷистон машғули тақсими об ба муҳоҷирони афғон буданд ва дар ҳамин асно боздошт шуданд. Солҳои охир ҳодисаҳои гаравгонгирии хориҷиҳо аз ҷониби ҷангиён ба хотири табдили онҳо бо пул дар Балуҷистон афзоиш меёбад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Санаи интихоботи нави порлумонии Тоҷикистон эълон шуд

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон санаи интихоботи нави порлумонӣ дар кишварро эълон кард.

Фармони президент субҳи 4-уми декабр нашр шуд. Бар асои ин фармон, 2-юми марти соли 2025 дар кишвар интихоби вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор мешавад.

Интихобот барои аъзои нави Маҷлис миллӣ бошад 28-уми марти соли 2025 гузаронда мешавад.

Вакилони ҳарду палатаи порлумони Тоҷикистон барои панҷ сол интихоб мешаванд.

Дар Тоҷикистон ҳафт ҳизби сиёсӣ фаъолият мекунанд, ки бештарашон ҷонибдори ҳукумати феълӣ гуфта мешаванд. Онҳо ҳанӯз барои интихобот омодагии худро эълон накардаанд.

Дар интихоботҳои гузашта шикоятҳо аз тақаллуб ҷой дошт.

Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ки қариб ҳама интихоботҳои Тоҷикистонро назорат мекунад, ҳеч яке аз маъракаҳоро шаффоф ва мутобиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ арзёбӣ накардааст.

Гуфтугӯи раҳбарони Русия ва Туркия дар бораи вазъи Сурия

Роҳбарони Русия ва Туркия даргирӣ дар шимоли Сурияро баҳс карда, гуфтаанд, ки вазъи пешомада бояд аз роҳи дипломатӣ ҳал шавад.

Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон 3-юми декабр телефонӣ гуфтугӯ карданд.

Дар хабарномаи дафтари президенти Туркия омадааст, Эрдуғон ба якпорчагии Сурия таъкид карда ва гуфтааст, ин кишвар мубориза бо Ҳизби коргарони Курдистонро идома медиҳад. Ин созмон дар Туркия ва Амрико гуруҳи террористӣ шинохта шудааст.

Владимир Путин дар ин сӯҳбат гуфтааст, "таҷовузи террористии гурӯҳҳои тундрав алайҳи давлати Сурия бояд тамом шавад".

Гуфтугӯи Путин ва Эрдуғон дар ҳоле анҷом шудааст, ки мухолифони мусаллаҳи Башшор Асад баъди тасарруфи шаҳри Ҳалаб, ба ҷанг алайҳи неруҳои давлатии Сурия идома медиҳанд.

Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, ки вазъиятро назорат дорад, мегӯяд, нерӯҳои мухолиф рӯзи 3-юми декабр ба шаҳри Ҳамо наздик шудаанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар даргириҳои ҳафтаи ахир беш аз 600 кас кушта шудаанд, ки 104 нафари онҳо ғайринизомӣ ҳастанд.

$2,6 млрд сармояи Чин ба иқтисоди Тоҷикистон дар 10 сол

Бинои нави порлумони Тоҷикистон бо сармояи Чин сохта шуд.
Бинои нави порлумони Тоҷикистон бо сармояи Чин сохта шуд.

Давоми даҳ соли ахир Чин ба иқтисоди Тоҷикистон 2,6 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст.

Ин оморро зимни ҳамоише дар Душанбе Фаррух Юсуфзода, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ эълон кардааст.

Ба гуфтаи ин мақомдори тоҷик, Душанбе манфиатдор аст, ки бо сармоягузорони чинӣ, аз ҷумла, бо доираҳои тиҷоратии музофоти Синзсян ҳамкориро бештар кунад.

Ба гузориши хабаргузории давлатии Ховар"", муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ба соҳибкорони чинӣ аз ислоҳот дар қонунгузории Тоҷикистон гуфтааст.

Ба гуфтаи ҳам мақомот ва ҳам коршиносон, давоми 20 соли ахир Чин ба сармоягузории асосии Тоҷикистон табдил шудааст.

Калонтарин конҳои истихроҷи маъдан дар кишвар, аз ҷумла, конҳои тилло ва нуқра дар ихтиёри ширкатҳои Чин аст. Тоҷикистон аз Чин ҳудуди 900 миллион доллар қарздор мебошад.

Аммо нигарониҳо аз шаффоф набудани қарзу сармояҳои Чин дар Тоҷикистон зиёд аст.

Эълони "ҳукумати низомӣ" дар Куриёи Ҷанубӣ. Порлумон "не" гуфт

Артиш дар талоши даромадан ба порлумони Куриёи Ҷанубӣ
Артиш дар талоши даромадан ба порлумони Куриёи Ҷанубӣ

Президенти Куриёи Ҷанубӣ дар як суханронӣ шаби 3-юми декабр дар ин кишвар "ҳукумати низомӣ" эълон кард.

Юн Сок Ёл дар порлумон бо мухолифат рӯбарӯ шуда, ваъда дод, ки нерӯҳои "зиддидавлатӣ"-ро аз байн хоҳад бурд. Вай мухолифони худро ба ҳамнавоӣ бо Куриёи Шимолии коммунистӣ муттаҳам намуд.

"Ман барои муҳофизат аз ҷумҳурии озоди Куриёи Ҷанубӣ, решакан кардани нерӯҳои манфури зиддидавлатии тарафдори Пхенян, барои муҳофизат аз Қонуни асосии озод, ҳукумати низомӣ эълон мекунам," – гуфт ӯ.

Юн Сок Ёл дар изҳороти худ ишора накард, ки чӣ чора хоҳад андешид, вале аз тарҳи порлумон барои изҳори беэътимодӣ ба баъзе додситонҳо ва рад шудани лоиҳаи буҷаи давлат ёд овард.

Раисҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ ҳангоми суханронӣ
Раисҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ ҳангоми суханронӣ

Ин иқдом, ки аз солҳои 1980-ум дар Куриёи Ҷанубӣ дида нашудааст, фавран аз тарафи мухолифин ва раҳбари ҳизби муҳофизакори худи Юн маҳкум шуд.

Расонаҳо, аз ҷумла хабаргузории "Рейтерс", гузориш доданд, ки нерӯҳои низомии Куриёи Ҷанубӣ қасди даромадан ба бинои порлумонро доштанд, аммо бо муқовимати кормандон рӯбарӯ шуданд.

Бино ба гузоришҳо, соате баъд намояндагони Маҷлис дастури ҳукумати низомиро беэътибор эълом карданд. Тибқи Қонуни асосии Куриёи Ҷанубӣ, баъди ин раъйдиҳӣ раисҷумҳур бояд фармонро бекор кунад.

Сеул
Сеул

ВКХ-и Украина бори дигар хоҳони узвияти Киев дар НАТО шуд

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина. 2-юми декабри 2024
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина. 2-юми декабри 2024

Вазорати корҳои хориҷии Украина бори дигар хоҳони узвияти ин кишвар дар паймони низомии НАТО шуд.

Ин изҳорот рӯзи 3-юми декабр, қабл аз нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узви НАТО дар Брюссел, нашр гашт.

Вазорати умури хориҷии Украина гуфтааст, узвияти комили Украина дар НАТО метавонад аз таҷовузи минбаъдаи Русия ба Украина ва кишварҳои дигар ҷилавгирӣ кунад.

Украина қариб се сол боз алайҳи таҷовузи Русия ба хокаш мубориза мебарад.

Дмитрий Песков, сухангӯйи Кремл, дар вокуниш ба изҳороти ВКХ-и Украина гуфт, пайвастани Киев ба НАТО "пазируфтанӣ нест" ва "таҳдид" барои Русия хоҳад буд.

Раҳоии Бека Берадзе, корманди бахши гурҷии Радиои Озодӣ

​​​​​​​Бека Берадзе
​​​​​​​Бека Берадзе

​​​​​​​Бека Берадзе, продюсери бахши гурҷии Радиои Озодӣ, рӯзи 3-юми декабр аз боздошт раҳо шуд.

Мақомоти Гурҷистон ӯро рӯзи якуми декабр дар маркази Тбилиси, дар наздикии бинои порлумон, дастгир карданд.

Ба нақли хабарнигор, пулис ӯро латукӯб ва таҳқир кард: “Маро бераҳмона заданд. Ба дохили як мусофирбари сиёҳ дароварданд. Дар он ҷо 6 каси дигар буд, ки латукӯб шуда буданд. Моро бисёр шиканҷа карданд. Дод зада мегуфтанд, “Шумо инқилоб мекунед? Ҳамҷинсгаро ҳастед?”

Тазоҳурот ва задухӯрд бо нерӯҳои амниятӣ дар Гурҷистон панҷ шаб идома кард.

Эътирозгарон субҳи сеюми декабр пароканда шуданд.

Онҳо ба зидди тасмими ҳукумати Гурҷистон дар бораи то соли 2028 боздоштани музокирот барои пайвастани ин кишвар ба Иттиҳоди Аврупо ба майдон баромаданд.

Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон хабар дод, ки дар рӯзҳои охир 224 эътирозгарро дастгир кардааст.

725 миллион доллар кумаки Амрико ба Украина

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 2-юми декабр бастаи нави ёриҳои низомиро ба Украина эълон кард.

Ин баста аз мина, муҳимот барои низоми мушакандози HIMARS, ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакҳои “Стингер” иборат аст.

Пулаш ба 725 миллион доллар мерасад.

Маъмурияти Ҷо Байден мехоҳад, пеш аз дохил шудани раисҷумҳури мунтахаб Доналд Трамп ба Кохи Сафед, ба Киев кумаки бештар расонад.

Трамп борҳо ёрии Амрикоро ба Украина танқид кардааст.

Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико, дар изҳороте кумаки навро “бастаи муҳим” номид.

Эътирозгарон дар Тбилиси пароканда шуданд, вале вазъ буҳронӣ мемонад

Тбилиси
Тбилиси

Эътирозгарон дар Тбилиси, пойтахти Гурҷистон, субҳи 3-юми декабр, пас аз шаби панҷуми задухӯрд бо нерӯҳои амниятӣ, пароканда шудаанд.

Ба хабари Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, нерӯҳои амниятӣ барои пароканда кардани онҳо аз гази ашковар ва мошинҳои обпош истифода намуданд.

Эътирозҳо дар посух ба тасмими ҳукумати Гурҷистон дар бораи то соли 2028 боздоштани музокирот барои пайвастани ин кишвар ба Иттиҳоди Аврупо оғоз шуданд. Ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ" тасмими худро дар ин бора рӯзи 28-уми ноябр эълон кард.

Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон хабар дод, ки дар рӯзҳои охир 224 эътирозгарро дастгир кардааст. Мақомот рӯзи 2-юми декабр гуфтанд, се афсари пулис дар бемористон бистарӣ шуда, 113 нафари дигар ба муолиҷа ниёз доранд.

Саломе Зурабишвили, раисҷумҳури Гурҷистон, ки ҷонибдорони норозиён аст, дар шабакаи "X" навишт, ки бисёре аз эътирозгарони боздоштшуда аз сару рӯяшон ҷароҳат бардоштаанд.

Сарвазир Иракли Кобахидзе иддао кард, ки тазоҳурот "аз хориҷ маблағгузорӣ мешавад" ва қавл дод, ки "дар Гурҷистон инқилоб нахоҳад шуд". Президент Зурабишвили дар мусоҳиба бо расонаҳои ғарбӣ иддаои Кобахидзеро рад кард ва гуфт, ки мардум хоҳони интихоботи озод ҳастанд, на инқилоб.

Ҳамлаҳои нави Исроил ба Лубнон. 11 кас кушта шуд

Лубнон, 1-уми декабри 2024
Лубнон, 1-уми декабри 2024

Исроил баъд аз як ҳафтаи созиши оташбас бо "Ҳизбуллоҳ", рӯзи дувуми декабр мавҷи нави ҳамлаҳоро дар саросари Лубнон оғоз кард.

Дастикам 11 кас кушта шудаанд.

Артиши Исроил мегӯяд, дар посух ба ҳамлаҳои "Ҳизбуллоҳ" ба даҳҳо ҳадафи ин гурӯҳ дар дохили Лубнон зарба зад.

“Ҳизбуллоҳ” ҳам ҳизби сиёсӣ аст ва ҳам гурӯҳи ҷангҷӯ. Эрон аз он пуштибонӣ мекунад. Амрико созмони террористӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи ҳарбии онро ба рӯйхати сиёҳ даровардааст.

Оташбас миёни Исроил ва "Ҳизбуллоҳ" бо миёнравии Амрико ва Фаронса ҳафтае пеш ба даст омад.

Ҳарду ҷониб дар ин муддат чанд бор ба поймол кардани оташбас муттаҳам шудаанд.

навшуда

Як ҳавопаймои бесарнишин дар наздикии Душанбе афтодааст

Ҳодиса дар шаҳраки Шарораи Ҳисор рӯй додааст
Ҳодиса дар шаҳраки Шарораи Ҳисор рӯй додааст

Як паҳпод (дрон)-и калонҳаҷм, ки бештар ба ҳавопаймоҳои бесарнишини низомӣ шабоҳат дорад, дар шаҳраки Шарораи Ҳисор афтодааст. Ин минтақа дар панҷкилометрии шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

Ҳодиса рӯзи 3-юми декабр дар кӯчаи ба номи Карим Девонаи шаҳраки Шарора, дар наздикии минтақаи аҳолинишин, рӯй дод.

Сокинони маҳаллӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, "ягон кас ва ягон хона зарар надид".

Ба нақли онҳо, ҳавопаймо ба симчӯби барқ бархӯрда, ба замин задааст.

Дар наворҳое, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, алангаи оташ дар ҷойи ҳодиса намоён аст.

Маъмурони пулису низомиён гирди ҷойи ҳодисаро ҳалқа гирифтаанд.

Нозирони роҳ дар шаҳраки Шарораи Ҳисор тасдиқ карданд, ки "дар фосилаи тақрибан 1 ё 2 километр як паҳпод суқут кардааст ва онро бор мекунанд".

Мақомоти Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳодисаро шарҳ намедиҳанд.

Фурудгоҳи низомии Айнӣ дар канори шаҳри Душанбе ва дар ихтиёри Вазорати дифои Тоҷикистон аст. Радиои Озодӣ рӯзи 3-юми барои гирифтани шарҳи расмӣ ба дафтари матбуоти вазорат муроҷиат кард, аммо то ин лаҳза посух нагирифт.

Як ҳавопаймои бесарнишин дар наздикиҳои Душанбе сарнагун шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:48 0:00

Роҳбарони "Орзуи гурҷӣ"-ро ба Литва роҳ надодаанд

Тбилиси, 3-юми декабри 2024
Тбилиси, 3-юми декабри 2024

Вазири корҳои хориҷии Литва Габриэлюс Ландсбергис хабар дод, ки кишвараш вуруди чанд роҳбари ҳизби “Орзуи гурҷӣ” ва мақомдорони баландпояи Вазорати корҳои дохилии Гурҷистонро манъ кардааст.

Тасмими ба ҳамин монандро Латвия ва Эстония низ гирифтанд.

Иқдом дар пайи саркӯби эътирозҳо дар Гурҷистон эълон шуд.

Тазоҳурот бо ширкати ҳазорҳо нафар баъди он сар шуд, ки ҳукумати Гурҷистон гуфтушунидро барои пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо то соли 2028 ба таъхир гузошт.

Дар рӯйхати таҳрими кишварҳои ҳавзаи Балтик 11 ном ҷой дода шудааст.

Аз ҷумла, роҳбари фахрии ҳизби “Орзуи гурҷӣ” Бидзина Иванишвили, вазири корҳои дохилии Гурҷистон Вахтанг Гомелаури бо чор муовинаш ва ҳамчунин панҷ мақомдори баландпояи ин вазорат ҷой дода шудаанд.

Ду мақомдори сардори шуъбаи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон Звиад Харазишвили ва муовини ӯ Милери Лагазаури аз сӯи Амрико ҳам таҳрим шудаанд.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон дар пайи эътирозҳои чанд рӯзи охир 224 нафар боздошт шудааст. Онҳоро ба авбошӣ ва муқобилият ба кормандони пулис гунаҳкор кардаанд.

Додгоҳ 36 нафари онҳоро ҷарима ва 34 каси дигарро ба ҳабси маъмурӣ гирифт.

Даҳҳо муҳоҷири тоҷикро аз "Жуковский" баргардонданд

Гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, онҳоро аз Фурудгоҳи Жуковскийи шаҳри Маскав ба Тоҷикистон баргардонданд.

Ба гуфтаи ин муҳоҷирон, онҳо рӯзи 29-уми ноябр аз фурудгоҳҳои Хуҷанд ва Душанбе ба Маскав парвоз карда буданд, вале онҳоро ба Русия роҳ надоданд.

Ба гуфтаи ин муҳоҷирон, давоми як шабонарӯз тақрибан 100 нафарро танҳо аз Фурудгоҳи Жуковский ба Тоҷикистон бозпас фиристоданд. Радиои Озодӣ мустақилона ин маълумотро тасдиқ карда наметавонад.

Пас аз ҳамла ба толори “Крокус” дар наздикии Маскав, ки муҳоҷирони тоҷикро ба он муттаҳам карданд, вуруди тоҷикистониҳо ба Русия мушкил шуд.

Баъди моҳи март даҳҳо муҳоҷири тоҷик шикоят карданд, ки онҳо бидуни сабаб ё бо қонуншиканиҳои хурд аз Русия ронданд.

Дар Тоҷикистон боз ду иди дигар расмӣ шуд

Дар Тоҷикистон боз ду иди дигар расмӣ шуд. Аз ин баъд 21-уми март дар Тоҷикистон «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва  25-уми май “Рӯзи ҷаҳонии футбол” қайд карда мешавад.

Тағйироти мазкур ба қонун дар бораи рӯзҳои идро моҳи ноябр Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии порлумон тасвиб кард. Ҳардуи ин идҳо рӯзи истироҳатӣ нестанд.

«Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” пешниҳоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Маҷмаии умумии Созмони Милал буд. Ба гузориши расонаҳои давлатии Тоҷикистон, Созмони Милали Муттаҳид ҳам 21-уми мартро “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” муқаррар кардааст.

“Рӯзи ҷаҳонии футбол” бошад, пешниҳоди Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд. Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон низ ҳаст.

Дар Тоҷикистон тақрибан ҳама соҳа ва бахшҳо рӯзи худро доранд ва назарҳо дар ҷомеа ба иду ҷашнҳои зиёд яксон нест.

Олмон ба 650 миллион евро ба Украина таҷҳизоти низомӣ медиҳад

Олаф Шолтс ва Владимир Зеленский. Киев, 2-юми декабри 2024
Олаф Шолтс ва Владимир Зеленский. Киев, 2-юми декабри 2024

Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон, рӯзи 2-юми декабр бо як сафари эълоннашуда вориди Киев шуд.

Ӯ қавл дод, ки кишвараш дар моҳи декабр ба Украина ба арзиши 650 миллион евро силоҳи изофӣ медиҳад.

Сухангӯйи Вазорати дифои Олмон гуфт, кумак аз низоми дифои ҳавоии IRIS-T, тонкҳои “Леопард 1”, дрон ва таҷҳизоти дигар иборат хоҳад буд.

Шолтс дар паёме дар шабакаи “X” (Твиттери собиқ) навишт, ки “Олмон пуштибони қавитарини Украина дар Аврупо мемонад.”

Садри аъзами Олмон дар Киев бо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, суҳбат кард.

Онҳо якҷоя ба дидани сарбозони захмӣ рафтанд.

Раиси ҳизби мухолифро дар Озарбойҷон ҷарима бастанд

Алӣ Каримлӣ
Алӣ Каримлӣ

Додгоҳе дар пойтахти Озарбойҷон раиси ҳизби мухолифи Ҷабҳаи мардумӣ Алӣ Каримлиро 882 доллар ҷарима баст.

Қарор рӯзи 2-юми декабр содир шуд.

Ӯро ба бадном кардани Айдин Алиев, узви собиқи Ҷабҳаи мардумӣ гунаҳкор донистанд.

Алиев панҷ сол пеш аз ҳизби мухолиф ронда, вале дертар бо ҳукми додгоҳ дар ҷояш барқарор шуда буд.

Намояндагони Ҷабҳаи мардумии Озарбойҷон гуфтанд, полис чанд нафарро, ки дар беруни Додгоҳ ҷамъ омада буд, боздошт кардааст.

Каримлӣ ҳам дар Твиттер навишт, ки "пулис бо истифода аз зӯр шаш фаъоли Ҷабҳаи мардумиро дастгир кард."

Кӯшишҳои Радиои Озодӣ барои дарёфти ҷузъиёти боздоштҳо аз Вазорати корҳои дохилии Озарбойҷон бенатиҷа буданд.

Дилшод Шарифов ба ҷои Сӯҳроб Зафар раҳбари "Гурӯҳи 24" шуд

Дилшод Шарифов
Дилшод Шарифов

Дилшод Шарифов, узви собиқадори "Гурӯҳи 24", раҳбари ин созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон интихоб шуд. Фаъолияти "Гурӯҳи 24" дар Тоҷикистон мамнуъ ва экстремистӣ дониста шудааст, аммо ниҳодҳои СММ, Иттиҳоди Аврупо ва САҲА намояндагони онро ба маҳфилҳои худ даъват мекунанд.

Интихоби роҳбари нави "Гурӯҳи 24" рӯзи 1-уми декабр бо ширкати се довталаб – Дилшод Шарифов, Муҳаммадҷон Абдуллоев ва Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор – гузашт.

Беҳрӯз Тағойзода, масъули бахши иттилооти “Гурӯҳи 24”, рӯзи дувуми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “аксар аъзои ҳаракат (беш аз 76 дарсад) ба Дилшод Шарифов раъй доданд.” Муҳаммадҷон Абдуллоев ва Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор ҳар яке ҳудуди 12-дарсадии овозҳоро ба даст овардаанд.

"Гурӯҳи 24" низ дар баёнияи алоҳида интихоби раҳбарашро маъракаи “муҳими дохилӣ” номида, гуфт, “он бо риояи меъёрҳои мардумсолорӣ сурат гирифт”. “Мубориза барои озодӣ ва адолати иҷтимоиву сиёсӣ дар Тоҷикистон” барномаи раҳбари нави ҷунбиш эълон шудааст.

Тайи ним соли охир, баъди дар Туркия нопадид ва сипас дар Тоҷикистон дастгиру зиндонӣ шудани Сӯҳроб Зафар, раёсати “Гурӯҳи 24”-ро Ҳусейн Ашӯров бар уҳда дошт. Дилшод Шарифов тайи ин муддат муовини ӯ буд.

Дилшод Шарифов 54-сола аст ва аз ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон. Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд. Дар гузашта дар мақомҳои масъули бахши иттилоот, кадр ва кумитаи иҷроияи “Гурӯҳи 24” кор кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2023, пас аз тазоҳуроти намояндагони мухолифон ба зидди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Берлин, баъзе аз хешовандони ӯро дастгиру бозпурсӣ карда буданд.

“Гурӯҳи 24”, ки соҳибкори норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст (худаш соли 2015 дар Туркия кушта шуд), бо қарори Додгоҳи олӣ дар Тоҷикистон “ифротгаро” ва “мамнуъ” эълон шудааст.

То ин дам ба гуноҳи пайравӣ аз он даҳҳо нафар дар Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои дигар боздошт ва бархе ба муддати дароз зиндонӣ шуданд.

Аз ҷумла, Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи октябри имсол Сӯҳроб Зафар, раҳбари “Гурӯҳи 24”-ро ба 30 сол зиндон маҳкум кард. Насимҷон Шарифов, узви ҳамин созмон, 20 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Мақомот ҳардро ба ифротгароӣ ва даъват ба сарнагунии ҳукумат гунаҳкор донистанд, аммо онҳо ҳукмро напазируфтанд.

Қурби доллар дар баробари сомонӣ боло рафт

Арзиши доллари Амрико дар як ҳафтаи охир нисбат ба сомонӣ, пули миллии Тоҷикистон, афзудааст.

Агар рӯзи 26-уми ноябр дар бонкҳои Тоҷикистон сад долларро ба 1066 сомонӣ иваз мекарданд, Бонки Миллӣ 2-юми декабр онро то ба 1089 сомонӣ боло бурд.

Дар баъзе аз бонкҳои кишвар сад доллар то 1095 сомонӣ хариду фурӯш мешавад.

Бонки Миллии Тоҷикистон ҳанӯз 29-уми ноябр дар баёнияе тағйирёбии қурби сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ ба “таъсири омилҳои берунӣ ва дохилӣ” пайванд додааст.

Тоҷикистон аксари молу маҳсулотро аз хориҷа меорад ва арзиши мол ҳам вобаста ба қурби доллар каму зиёд мешавад.

Ҷо Байден писараш Ҳантерро афв кард

Ҷо Байден бо писараш Ҳантер Байден
Ҷо Байден бо писараш Ҳантер Байден

Ҷо Байден, президенти Амрико, рӯзи 1-уми декабр писараш Ҳантерро афв кард.

Ӯ ба ин тартиб ваъдаи худро дар бораи истифода набурдани салоҳиятҳои фавқулодаи раёсати ҷумҳурӣ ба нафъи як узви хонаводааш шикаст.

Ҳантер Байден бар асоси ду парванда – харидани силоҳ (ҳангоми нашъамандӣ) ва напардохтани молиёт (андоз) – метавонист зиндонӣ шавад.

Президент Байден қаблан, пас аз маҳкум шудани писараш дар ду парванда дар Делавэр ва Калифорния, гуфта буд, ки писарашро афв ва ҳукми ӯро кам намекунад.

Вай рӯзи якуми декабр таъкид кард, ки ба низоми додгоҳӣ эътимод дорад, аммо муътақид аст, ки парванда бо масоили сирф сиёсӣ олуда шудааст.

Ин амал дар ҳоле сурат мегирад, ки додгоҳ бояд дар чанд ҳафта дар мавриди аслиҳаи Ҳантер Байден ҳукм содир кунад.

Ҷо Байден дар ду моҳи дигар Кохи Сафедро ба президенти мунтахаб Доналд Трамп месупорад.

Зеленский хоҳони ҳузури НАТО ва ИА дар музокироти эҳтимолӣ шуд 

Владимир Зеленский, 27-уми ноябри 2024
Владимир Зеленский, 27-уми ноябри 2024

Президенти Украина Владимир Зеленский гуфтааст, дар музокироти эҳтимолӣ бо Русия бояд намояндагони НАТО ва Иттиҳоди Аврупо бояд ҳузур дошта бошанд.

Зелеский 1-уми декабр дар нишасти хабарии муштарак бо намояндаи Шӯрои Иттиҳоди Аврупо гуфт, “кӣ дар паси мизи музокирот мешинад? Русия, Украина ва ҳамчуноне, ки гуфтам Иттиҳоди Аврупо ва НАТО”.

Раисҷумҳури Украина шарҳ дод, ки кишвараш худро бахше аз низоми амниятӣ дар ин ду созмон медонад. Дар айни замон Зеленский гуфт, муқобили ҳама гуна боздоштани ҷанг бе мавқеи қавӣ барои Украина аст.

Чун, ба гуфтаи ӯ, Путин метавонад баъди чанд сол “боз баргардад ва Украинаро пурра хароб кунад.”

Зери мафҳуми “мавқеи қавӣ барои Украина” Зеленский додани кафолати амниятӣ аз сӯи НАТО ва Иттиҳоди Аврупоро дар назар дорад.

Ӯ бори дигар гуфтааст, Киев ҳеч гоҳ ишғол шудани як қисми қаламравашро аз сӯи Русия эътироф намекунад. “Ин замини мо аст, ки муваққатан аз сӯи Русия ишғол шудааст ва бегуфтугӯ бармегардад,” -- афзуд Владимир Зеленский.

Баъд аз интихоби дубораи Доналд Трамп ба мақоми президенти Амрико сарусадо дар бораи музокироти сулҳ миёни Русия ва Украина зиёд шудааст.

Як "Тангем" ба дарёи Панҷ афтод; ронанда бедарак аст

Акс аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода
Акс аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода

Як мошини навъи "Тангем" дар ҳудуди ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дарёи Панҷ афтодааст.

Ҳодиса рӯзи 30-юми ноябр рӯй дод.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи дувуми декабр дар эъломияе гуфт, ки маъмурони наҷот "Тангем"-ро аз об берун оварданд, вале ҷустуҷӯйи ронанда идома дорад.

Ронандаи 54-сола аз деҳаи Пиши ноҳияи Шуғнон дар дохили мошин танҳо будааст.

Ба иттилои расмӣ, ӯ ҳангоми ҳаракат аз деҳаи Пиш ба сӯйи деҳаи Даштак "идораи нақлиётро аз даст дода, ба дараи умқаш 30-метрӣ сарозер ва сипас дар дарёи Панҷ ғарқ шудааст".

Дар шаш моҳи аввали соли 2024 дар Тоҷикистон "бар асари 539 садамаи нақлиётӣ 236 нафар ба ҳалокат расида, 570 нафар ҷароҳат гирифтаанд."

Теъдоди садамаҳо дар муқоиса ба 6 моҳи соли 2023 тақрибан 12 дарсад афзуда, теъдоди захмиён 13 дарсад ва шумораи ҷонбохтагон аз 22 дарсад бештар будааст.

Хабарнигори Озодӣ дар Тбилиси гуфт, маъмурони пулис ӯро задаанд 

Бека Берадзе
Бека Берадзе

Бека Берадзе, хабарнигори бахши гурҷии Радиои Озодӣ, шикоят дорад, ки маъмурони пулис ӯро зада, сипас дастгир карданд.

Ҷано Чкадуа, вакили мудофеи Бека Берадзе, гуфтааст, хабарнигор субҳи 1-уми декабр, вақте аз назди бинои порлумон, макони эътирозҳои зиддиҳукуматӣ мегузашт, маъмурон ӯро латукӯб ва боздошт карданд.

Ҷузъиёти бештар феълан маълум нест.

Бека Берадзе ба адвокаташ гуфтааст, ҳангоми боздошт ӯ кори хабарнигорӣ намекард ва фақат бо дӯстонаш аз маҳалли эътирозҳо (дар наздикии хонааш) мегузашт.

Баъди ташхиси пизишк, Берадзеро ба боздоштгоҳи муваққатӣ бурдаанд, вале иттиҳом зидди ӯ маълум нест.

Ба гуфтаи вакили дифоъ, дар пешонии хабарнигор осори захм маълум буд.

Мақомоти Гурҷистон гуфтанд, давоми се рӯзи охир беш аз 100 нафарро дастгир кардаанд.

Ду наврас дар дарёи Зарафшон ғарқ шуданд

Ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ.
Ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ.

Ду наврас дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ба дарёи Зарафшон афтида, ғарқ шудаанд.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ҳодиса 28-уми ноябр дар ҳудуди ҷамоати "Иван-Тоҷик"-и ин ноҳия рух додааст.

Ҳалокшудагон духтар ва писарбачаи 11 ва 12-сола ва хешовандони наздик буданд.

Ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, наврасон дар вақти тоза кардани боғ, ки дар канори рӯди Зарафшон ҷойгир буд, ба дарё афтиданд.

Мақомот гуфтанд, ҷасади духтарро ҳамроҳ бо сокинони маҳаллӣ пайдо карда, ҷасади писарро ҷустуҷӯ доранд.

Ҳамасола дар кулу дарёҳои Тоҷикистон даҳҳо нафар ғарқ мешаванд.

Радду бадал байни раисҷумҳур ва сарвазири Гурҷистон

Саломе Зурабишвилӣ, раисҷумҳури Гурҷистон, дар канори эътирозгарон дар Тбилиси. 28-уми ноябри 2024
Саломе Зурабишвилӣ, раисҷумҳури Гурҷистон, дар канори эътирозгарон дар Тбилиси. 28-уми ноябри 2024

Сарвазири Гурҷистон гуфт, раисҷумҳур Саломе Зурабишвилӣ бояд дар охири моҳи декабр мақомашро тарк кунад. Изҳороти Ираклий Кобахидзе рӯзи якуми декабр садо дод.

Қаблан Саломе Зурабишвилӣ порлумони тозаинтихоби кишварашро ғайриқонунӣ номида, ваъда дод, ки пас аз анҷоми ваколат низ ба вазифаи худ идома хоҳад дод.

Ӯ гуфт: “Порлумони қонунӣ нест. Порлумони ғайриқонунӣ наметавонад, ки раисҷумҳури навро интихоб кунад. Ба ин тартиб, ягон маросими савгандёдкунӣ намешавад. То порлумон қонунӣ интихоб нагардад, ваколати ман идома хоҳад дошт.”

Ираклий Кобахидзе
Ираклий Кобахидзе

Интихоботи порлумонӣ дар Гурҷистон рӯзи 26-уми октябри имсол гузашт.

Натиҷаи расмӣ “Орзуи гурҷӣ”, ҳизби ҳокими рӯ ба Русияро пирӯз эълон кард. Мухолифон гуфтанд, раъйдиҳӣ бо тақаллуб сурат гирифт. Кишварҳои ғарбӣ хоҳони таҳқиқи мунсифона шуданд.

Аз он вақт то ҳоло дар Тбилиси (Тифлис) тазоҳурот идома дошта, буҳрони сиёсӣ баъди ба таъхир гузоштани музокироти пайвастани Гурҷистон ба Иттиҳоди Аврупо амиқтар шуд.

Ҳазорон тазоҳургар шаби сеюми 30-юми ноябр ба хиёбонҳои Тбилиси баргаштанд, то алайҳи тасмими ҳукумат дар бораи мутаваққиф кардани музокироти пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо эътироз кунанд.

Пулис барои пароканда кардани онҳо аз гази ашковар ва мошинҳои обпош истифода кард.

Тбилиси, 1-уми декабри 2024
Тбилиси, 1-уми декабри 2024

Гурҷистон дар соли 2023 мақоми нозирро дар Иттиҳоди Аврупо касб кард. Сарвазир Иракли Кобахидзе рӯзи 28-уми ноябр эълон кард, ки музокиротро барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо то соли 2028 ба таъхир мегузорад.

Путин қонуни буҷаро имзо кард. Харҷи ҳарбӣ афзудааст, молиёт ҳам

Владимир Путин
Владимир Путин

Владимир Путин, президенти Русия, ки кишвараш тақрибан се сол боз машғули ҷанги бедалел дар Украина аст, қонунро дар бораи буҷаи солҳои 2025-2027 имзо кард.

Тарҳи онро Думаи Давлатӣ ё порлумони Русия рӯзи 21-уми ноябр пазируфта буд.

Буҷаи сесолаи Русия ҳазинаи бесобиқаро барои ниёзҳои низомӣ (ҳарбӣ) дар назар гирифтааст.

Ин харҷ дар соли 2025-ум 13,5 триллион рубл (145 миллиард доллар)-ро ташкил медиҳад. Тақрибан 41 дарсади харҷи умумии Русия ва бештар аз пуле, ки барои бахши тандурустӣ, маориф, сиёсати иҷтимоӣ ва иқтисоди миллӣ ваъда шудааст.

Ба ин далел аз соли 2025 молиёт (андоз) аз даромад (фоида), соҳибкории хурду миёна, истеҳсоли газу нафт ва ангишт дар Русия афзуда, андози аксизӣ барои машрубот, сигор ва нӯшобаҳо низ боло хоҳад рафт.

Тибқи иттилои Анҷумани содиркунандагон ва воридкунандагони Русия, дар соли оянда нархи тамоми маҳсулот тақрибан 20 дарсад ва хидмати хоҷагии манзилию коммуналӣ 10 дарсад бештар мешавад.

Ба нигоштаи The Bell, ихтисоси 13,5 триллион рубл барои мудофиа ва амният дар буҷаи соли 2025 дар таърихи Русияи пасошӯравӣ рекордӣ аст. Ин рақам дар буҷаи соли 2024 10,4 триллион буд.

Доналд Трамп гуфт, Кэш Пателро раиси FBI хоҳад монд

Кэш Пател
Кэш Пател

Доналд Трамп, раисҷумҳури мунтахаби Амрико, гуфт, номзадии Кэш Пател, корманди собиқи амнияти миллӣ ва аз шахсони ба ӯ вафодорро ба раҳбарии FBI, Хадамоти Федеролии Амният, пешбарӣ хоҳад кард.

Пател қаблан ба унвони вакили мудофеи умумии федерол ва додситон кор кардааст.

Вай мехоҳад, FBI аз нақши ҷамъоварии маълумоти иктишофӣ маҳрум гашта, сафи он аз кормандоне, ки аз барномаи Трамп пуштибонӣ намекунанд, пок карда шавад.

Кэш Пател дар давраи аввали раёсатҷумҳурии Трамп чанд мақоми баландпоя дошт. Аз ҷумла, ӯ мушовири амнияти миллӣ ва раиси дафтари вазири дифои муваққат буд.

Доналд Трамп бо муаррифии Пател нишон дод, ки барои иҷрои таҳдидаш дар мавриди барканории Кристофер Рэй, раиси ҳозираи FBI, омода мешавад.

Кристофер Рэй, ки узви Ҳизби Ҷумҳурихоҳ аст, аз тарафи худи Трамп ба ин мақом таъйин шуда буд. Давраи даҳсолаи раёсаташ то соли 2027 идома хоҳад дошт.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG