Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳои зиддунақиз дар бораи сиҳҳатии Муборак


Ҳуснӣ Муборак
Ҳуснӣ Муборак
Вакили мудофеъи раисиҷумҳури собиқи Миср гуфт, Ҳуснӣ Муборак дучори сактаи қалб шуда, дар ҳоли кома қарор дорад. Аммо доктор Осим Аъзам, раҳбари гурӯҳи табибони муроқиби вазъи сиҳҳати Муборак, ин иддаоро радд кард ва гуфт, ки ӯ ба хуруҷи андаки фишори хун гирифтор шуда, вазъаш акнун оддӣ шудааст. Мубораки 83-сола баъди 30 соли раёсат дар моҳи феврали соли ҷорӣ дар натиҷаи чанд ҳафтаи эътирозҳо истеъфо дод. Қарор аст, мурофиаи парвандаи ӯ дар додгоҳ рӯзи 3 август шурӯъ шавад.
XS
SM
MD
LG