Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мушовири аршади Карзай дар Кобул кушта шуд


Ҳамлаи мусаллаҳона ба манзили Ҷонмуҳаммад Хон дар маҳаллаи Корти Чори Кобул ин волии собиқи вилояти Урузгон ва мушовири аршади раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ва меҳмони ӯ – вакили Вулусӣ Ҷирга аз вилояти Урузгон Муҳаммадҳошим Ватанволро кушта ба ҷо гузошт. Сиддиқи Сиддиқӣ, сухангӯи вазорати умури дохилаи Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамлагарон 2 нафар буданд, ки якеаш кушта шуда, дуввумӣ ҳанӯз ба муқовимат идома медиҳад. Қатли Ҷонмуҳаммад Хон ва Муҳаммадҳошим Ватанвол 6 рӯз баъд аз қатли Аҳмадвалӣ Карзай, бародарандари Ҳомиди Карзай дар Қандаҳор ва дар рӯзи нахустини шурӯъи раванди таҳвили масъулияти таъмини амният аз НАТО ба нирӯҳои афғон рух дод. Ин раванд дирӯз аз Бомиён оғоз ёфта, то поёни соли 2014 давом хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG