Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сурия намоиши зиддиҳукуматӣ боз саркӯб шуд


Бар асари саркӯбсозии намоишҳои эътирозии рӯзи гузашта дар Сурия дасти кам 28 нафар кушта ва садҳо нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Ба иттилоъи созмони «Кумитаҳои маҳаллии ҳамоҳангсозӣ», ки ҷараёни намоишҳои зиддиҳукуматиро пайгирӣ мекунад, дар ҳамоишҳои Димишқ ва атрофи пойтахт аз ҳама бештар - 22 нафар ба ҳалокат расиданд.

Намоишҳои рӯзи ҷумъа – бузургтарин дар чаҳор моҳи эътирозҳо дар Сурия бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Башор Асад маҳсуб мешаванд.
XS
SM
MD
LG