Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти бештари ҳамлаи имрӯза дар Қандаҳор


Таркиши маргталабона дар масҷиди шаҳри Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон мунҷар ба ҳалокати дастикам 4 нафар, бо шумули имоми намоз Мавлавӣ Ҳикматуллоҳи Ҳикмат, шуда, 13 захмӣ ба ҷо гузошт. Ин ҳамла дар маросими фотеҳаи бародарандари ду рӯз пеш кушташудаи раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай сурат гирифт. Чанд мақоми кобина, ки дар ин маросим ҳузур доштанд, осеб надида, баъди таркиш тавассути чархбол кӯчонда шуданд. Дирӯз Ҳомиди Карзай дар як масҷиди дигари Қандаҳор дар расми фотиҳаи бародараш Аҳмадвалӣ Карзай ширкат дошт. Дирӯз алайҳи чандин мақомоти давлатӣ, ки низ ба Қандаҳор омада буданд, силсилаи ҳамалот сурат гирифтааст. Аҳмадвалӣ Карзай рӯзи сешанбе бо дасти як муҳофизи собиқи хонаводаашон кушта шуд.
XS
SM
MD
LG