Пайвандҳои дастрасӣ

ША шадидан ҳамлаҳои Мумбайро маҳкум кард


Шӯрои Амнияти СММ 3 инфиҷор дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустонро маҳкум кард. Дар ин инфиҷорҳо 21 нафар кушта 140 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико низ ин ҳамлаҳоро маҳкум кард ва гуфт, Амрико омода аст барои ба муҷозот кашондани дастандаркорони ин ҳамлаҳо ба Ҳиндустон кӯмак кунад. Ин ҳамлаҳо дар фосилаи чанд дақиқа аз ҳам рух додааст ва мутмаинан онҳо ҳамлаҳои ҳамоҳангшуда будаанд. То ҳол ҳеҷ ниру масъулияти инфиҷорҳоро бар дӯш нагирфтааст. Нахуствазири Ҳиндустон дар ин ҳамлаҳо террористонро гунаҳгор медонад. Президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва нахуствазир Юсуф Ризо Гелонӣ сатҳӣ ин ҳамлаҳоро маҳкум карданд. Ҳиндустон дар омӯзиш додани террористҳо Покистонро муқассир медонад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG