Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Мумбай се таркиш рух дод


Аз Ҳиндустон дар бораи се таркиш дар маркази шаҳри Мумбай хабар расид.

Ба навиштаи хабаргузориҳои маҳаллӣ, бар асари ин таркишҳо дасти кам 8 нафар кушта ва тақрибан 70 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Вазорати умури дохилии Ҳиндустон изҳор намуд, ки ҳарсе таркишро террористҳо анҷом додаанд. Гуфта мешавад, ки ду инфиҷор дар наздикиҳои бозори ҷавоҳирот рӯх додааст.

Хабаргузориҳо дар бораи таҷаммӯъи нерӯҳои зудамали полис ва мошинҳои ёрии таъҷилӣ дар маркази Мумбай ҳам итилоъ додаанд.
XS
SM
MD
LG