Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон: Равобити Амрико бо Покистон тағир нахоҳад ёфт


Ҳилларӣ Клинтон
Ҳилларӣ Клинтон
Хонум Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико мегӯяд, тасмим дар бораи боздоштани 800 миллион доллар кӯмаки низомии Амрико ба Покистон бад-он маъно нест, ки сиёсати Амрико дар қиболи ин кишвар тағир хоҳад ёфт. Ба гуфтаи Клинтон, “ин тасмим дар асл нишон медиҳад, ки иттиҳоди мо ба ҳамкорӣ бастагӣ дорад”. Амрико тасмим гирифтааст, ки аз се як ҳиссаи кӯмаки 2 миллиард долларии низомии худ ба Покистонро ба ҳолати таълиқ дарорад. Низомиёни Покистон мегӯянд, ки ин тасими Амрико ба амалиёти низомии артиши Покистон таъсир нахоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG