Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон аз тарзи пӯшиши хабари таркиши Ободон аз ҷониби телевизионҳои русӣ интиқод кард


Мактабе, ки дар наздикии маҳалли таркиш қарор дошт
Мактабе, ки дар наздикии маҳалли таркиш қарор дошт
Ҳукумати Туркманистон аз тарзи пӯшиши хабари таркиши инҳафтаина дар шаҳри Ободони наздики пойхтахт, шаҳри Ашқобод шадидан нороҳат шудааст. Изҳороти вазорати умури хориҷаи Туркманистон ҳокист, ки иттилооти телевизионҳои русӣ дар бораи ҳалокати шумори зиёди одамон ва хароб шудани сохтмонҳо аз ҳақиқат дур ва воҳимаангез аст. Ҳукумати Туркманистон мегӯяд, ки дар таркиши шаҳри Ободон анбори маводи оташбозӣ ё петарда бар асарии гармии шадиди ҳаво инфиҷор кардааст, дар ҳоле, ки шоҳидон ва ҳам манобеи мустақил мегӯянд, ки дар ин ҳодиса анбори силоҳ инфиҷор кардааст.
XS
SM
MD
LG