Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи ҷашнвораи "Зардолуи тиллоӣ" дар Ереван


Golden appricot
Golden appricot
Дар Ереван, пойтахти Арманистон ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии синамо бо номи “Зардолуи тиллоӣ” шурӯъ мешавад. Дар миёни ширкатдорони озмуни кино сохтаҳои филмсозони мухталиф аз кишварҳои Фаронса, Туркия, Ҳолланд, Олмон мебошад. Яке аз барномаҳои хоси ҷашнвораи синамои Ереван “Синамои 20 соли кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ” аст.

Дар маросими кушоиши ин ҷашнвора ракиси ҷашнвора режиссери кино Ҳарутюн Хачатрян гуфт, ки барои ширкат дар ин барнома маҳсули ҳунарии қариб ҳама ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ намоиш дода мешаванд. Аз ҷумла, Тоҷикистонро сохтаи коргардони маъруф Носир Саидов бо номи “Қиёми рӯз” муаррифӣ хоҳад кард.

Ин филм дар бораи ҳаёти мадуми деҳае нақл мекунад, ки ногаҳон бо рустои ҳамсоя ҳамсарҳад шуда, тамоми нақшаҳои мардуми маҳаллӣ барпод мераванд. Сусанна Ҳарутюнян, раиси эҷодии ҷашнвораи “Зардолуи тиллоӣ” дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки намоиши филмҳои
Susanna Harutunan

сохтаи коргардонҳои Муштарак-ул-Манофеъ бо мақсади табодули иттило ва ошноӣ бо кори ҳамдигар дар бахши вижаи ҷашнвора намоиш дода мешаванд:

“Филмҳои беҳтарине, ки дар кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ бардошта шудаанд, дар ин барномаи вижа ба намоиш медароянд. Дар миёни 11 филм, “Свет-аке”-и Қирғизистон, “Край”-и Русия, “Келин”, филми қазоқӣ ва дигар филмҳои беҳтарин дар бахши иттилоотии ҷашнвора намоиш дода мешаванд”.

Ҷашнвораи синамои Ереван аз 10 то 17 июл идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG