Имрӯз шумори охирини ҳафтаномаи моҷаробарангези бритониёии "News Of The World" баъди 168 соли нашраш бо суханони “Ташаккур ва худо ҳофиз” аз чоп баромад.
Дар як саҳифаи калони ҳафтавори пурхонандаи бритониёӣ нашрия аз сар задани моҷарои марбут ба гӯшкунии телефонҳои мардум маъзарат хостааст.
“Мо раҳгум задем”, омадааст дар шумораи охири ин нашрия. Ҳафтаи гузашта чопхонаи News International ин нашрияро баст. Дар ҳамин ҳол, ҳизби кори Бритониё ба шурӯи билофосилаи таҳқиқи моҷарои марбут ба гӯшкунии телефонҳои мардум даъват кард, то ки бо басташавии нашрия шаҳодати бадрафториҳо аз даст наравад.
Ҳукумат мегӯяд, ки барои шурӯи таҳқиқот талош дорад ҳар чи сареътар масъалаи додраси қазия ҳал шавад.