Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Сафири Сурия барои наворбардории эътирозгарон дар ИМА фаро хонда шуд

Ҳамо, 8 июли соли 2011
Департаменти давлатии Амрико сафири Сурия дар ин кишварро баъди дарёфти гузоришҳо оид ба ин ки дипломатҳои суриягӣ чеҳраҳои ширкатдорони намоишҳои эътирозии зиддисуриягиро наворбардорӣ мекарданд, фаро хонд.

Департаменти давлатӣ гуфт, ки ба сафири Сурия Имод Мустафо дар бораи нигарониҳои Вашингтон дар заминаи рафтори дипломатҳои суриягӣ хабар дода шуд. Бар пояи гузориши вазорати хориҷа, бо оқои Мустафо ёвари вазири хориҷа дар умури амнияти дипломатӣ Эрик Босвелл рӯзи чоршанбе мулоқот ва ба ӯ нигарониҳои ҳукумати Амрикоро изҳор кард.


Дар ин байн, Сурия барои боздиди сафири ИМА ва сӯҳбати ӯ бо эътирозгарон дар шаҳри Ҳамо Вашингтонро дар “мудохила ба умури дохилии” кишвар айбдор кард. Вазорати хориҷаи Амрико дар посух гуфт, ки аз вокуниши ҳукумати Сурия дар робита бо сафари Роберт Форд ба Ҳамо дар тааҷҷуб аст, чун ҳукумати Димишқ аз қабл дар бораи ин сафар огоҳонида шуда буд.


Фаъолон гузориш медиҳанд, ки садҳо ҳазор мардуми Сурия дирӯз дар Ҳамо ва дигар шаҳрҳои ин кишвар зидди ҳукумати Башор Асад раҳпаймоӣ мекунанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Дар моҳи декабр аз Душанбе ба Минск даҳ парвоз дар назар аст

Акс аз бойгонӣ

Ширкати "Сомон-Эйр" эълон кард, ки ҳавопаймоҳояш дар моҳи декабри имсол ба шаҳри Минск даҳ парвоз анҷом хоҳанд дод.

Ба иттилои масъулони ширкат, парвоз ба пойтахти Белорус бо риояи чораҳои беҳдоштӣ сурат мегирад. "Мусофироне, ки таби баланд доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд”, -- таъкид шудааст дар изҳороте, ки рӯзи 1-уми декабр нашр шуд.

Илова ба ин, аз мусофирон нусхаи маълумотномаи гирифтор набудан ба COVID-19 (PCR-тест) бо забонҳои русӣ, белорусӣ ва ё англисӣ талаб мешавад. Аз кӯдакони то 3-сола чунин маълумотнома намепурсанд.

Парвоз ба Минск инчунин ба онҳое иҷоза дода мешавад, ки бо ҳадафи транзит ё парвоз ба кишварҳои дигар ба пойтахти Белорус сафар мекунанд. Барои ин гурӯҳи мусофирон доштани билети нуқтаи ниҳоии сафар ва маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (натиҷаи манфии PCR-тест) ҳатмӣ мебошад.

Бо сабаби пандемияи коронавирус ва баста шудани марзҳо дар аксар кишварҳо, парвозҳои маъмулии мусофирон бекор шуда, танҳо бар асоси қарордоди ҷудогона парвозҳои чартерӣ ва ё созишномавӣ ба самти кишварҳои алоҳида роҳандозӣ шудаанд.

Яке аз маъмултарин самтҳои сафари шаҳрвандони Тоҷикистон – шаҳрҳои Русия – ҳамоно дар низоми чартерӣ амал мекунад. Маълум нест, кай Ситоди зидди коронавирус дар Русия барои парвозҳои маъмулии мусофирон аз Тоҷикистон ба ин кишвар иҷоза хоҳанд дод.

Дар Қазон баъди 8 сол гумонбари куштори 32 зани пиронсолро боздошт карданд

Полиси Қазон, пойтахти Ҷумҳурии Тотористон гуфт, ки марди гумонбар дар куштори 30 зани пиронсол дар манотиқи мухталифи Русияро боздошт кардааст. Радио Свобода бо такя ба “Бизнес ONLINE” ва KazanFirst менависад, ки ин мард 38 сол дошта, сокини Қазон Радик Тагиров мебошад. Кушторҳои мудҳиши занони пиронсол дар Тотористон, Бошқирдистон, Марий-Эл ва вилояти Свердловск рух додаанд.

Ба иттилои полис, кушторҳои мудҳиш солҳои 2011-2012 сабт шудаанд. Ин мард ба хонаи занони пиронсол роҳ ёфта, онҳоро буғӣ карда мекушт. Баъди ин, дар рӯи замин хокаи собунро мерехт, то ки сагҳои бӯйгир изи ӯро эҳсос карда натавонанд. Ӯ аз хонаҳои пиронсолон чизҳои қиматбаҳоро гирифта аз ҷои ҷиноят фирор мекард. Ҳамаи қурбониҳои қотил 75 то 90 сол доштанд.

Error rendering VK.

Соли 2011 писари зане, ки аллакай кушта шуда буд, ин мардро дар ҷои ҳодиса дид, вале ӯ тавонист фирор кунад. Як дафъа чеҳраи ӯ дар дастгоҳҳои видеоӣ сабт шуд. Дафъаи дигар зане, ки дар талоши куштор зинда монд, натавонист чеҳраи қотилро бишиносад, чун чашмаш нобино буд. Баъди соли 2012 ин гуна ҷиноятҳо дигар такрор нашуд. Тафтишот гумон дошт, ки эҳтимолан қотил даргузашт ваё ҳабс шудааст. Соли 2017 барои ҳама гуна иттилоъ дар бораи ин шахс полис 3 миллион рубл подош ваъда кард.

Вебсайти “Бизнес ONLINE” менависад, ки қотили гумонбар аз роҳи тести ДНК шиносоӣ ва боздошт шуд. Тафтишот гуфтааст, ки дар ҷои қатли ду зан дар Екатеринбург қотил як дафъа рӯймол ва дафъаи дигар фандакашро фаромӯш кардааст ва бар асоси изи арақи дасташ тавонистанд маълум кунанд, ки ин кори дасти як нафар мебошад. Ин изҳо инчунин бо кушторе, ки дар Поволже рух дод, мувофиқат мекард. KazanFirst менависад, ки боздоштшуда ба гуноҳаш иқрор шуда гуфтааст, ки “пушаймон шудааст”.

Вазирони корҳои хориҷии НАТО ба баррасии рисолати худ дар Афғонистон шурӯъ карданд

29 июли соли 2020. Чархболи нирӯҳои НАТО дар осмони Кобул парвоз мекунад

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви НАТО баъд аз зӯҳри 1-уми декабр видеоконфронси дурӯзаи худро шурӯъ карданд, ки ояндаи рисолати ин паймон дар Афғонистонро баррасӣ мекунад.

Дабири кулли паймон Йенс Столтенберг қабл аз шурӯи нишаст гуфт, НАТО дар муқобили “як мушкили ҷиддӣ” қарор дорад, ки оё Афғонистонро тарк карда онро дар муқобили хатари табдил шудан ба паноҳгоҳи терроризми байналмилалӣ қарор диҳад ва ё дар фазои хушунатҳои афзоишёбанда рисолати худро дар ин кишвар тамдид бикунад.

17 сол баъди раҳбарӣ бар нирӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон ҳоло НАТО дар ин кишвари ҷангзада бо 11 ҳазор сарбозаш аз кишварҳои мухталиф боқӣ мемонад.

Вазифаи ин нирӯҳо тамрин ва машварат ба нирӯҳои амнияти миллии Афғонистон аст. Вале қарор аст то 15 январ шумори нирӯҳои амрикоӣ, ки дар корҳои кӯмаки ҳавоӣ, нақлиёт ва интиқоли борҳо саҳмгузор буданд, то 2 ҳазор нафар коҳиш ёфта, бо 2500 сарбоз маҳдуд шаванд. Дар ҷараёни нишасти матбуотии 30-юми ноябр дар Брюссел Столтенберг гуфт, ки корҳои тамринии нирӯҳои НАТО идома меёбад, вале “дар моҳҳои наздик мо бояд бо назардошти шароит дар маҳал ҳузури худро баррасӣ кунем”. Қабл аз конфронс Ҳейко Маас, вазири хориҷаи Олмон гуфт, НАТО набояд пеш аз мӯҳлати кишвари ҷангзадаро тарк карда, музокироти сулҳ дар Афғонистонро бо хатар рӯбарӯ кунад.

BioNTech ва  Pfizer аз Аврупо хостанд, ки воксинаи зидди COVID-19-и онҳо ба қайд гирифта шавад

Аризаи бақайдгирии воксинаи сохтаи ин ду ширкат аввал дар ИМА супурда шуд

Ширкати олмонии BioNTech ва шарики амрикоиаш Pfizer рӯзи 1 декабр гуфтанд, ки аз сохтори дахлдори Иттиҳоди Аврупо дархост карданд, ки воксинаи сохтаи онҳоро барои пешгирӣ аз олудашавӣ ба коронавирус ба қайд бигирад. Як рӯз пеш аз он дар ИМА ширкати дигари дорусозии Moderna аз сохтори давлатии кишвараш хост, ки воксинаи сохтаи онро зидди COVID-19 ба қайд бигиранд.

Ширкатҳои ҳамкори BioNTech ва Pfizer гуфтанд, ки рӯзи 30 ноябр аризаи худро барои бақайдгирии воксина ба Оҷонсии дорувории Аврупо (EMA) супурдаанд, то ки барояшон санаде бо номи Иҷозаи тиҷорати шартӣ дода шавад. Ин ширкатҳо мегӯянд, ки воксинаи сохтаи онҳо дар 95 дарсади ҳолатҳо дар мубориза бо COVID-19 манфиатовар будааст.

BioNTech гуфт, ки агар воксинаи онҳо бо номи феълии BNT162b2 тасдиқ шавад, имкони то охири соли 2020 дар Аврупо дастрас шудани он вуҷуд дорад. Аризаи бақайдгирии воксинаи BioNTech ва Pfizer барои истифода дар ҳолати изтирорӣ ба идораи бо номи Маъмурияти доруву ғизои ИМА, сохтори монанди он дар Бритониё (MHRA) ва инчунин дар Австралия, Канада ва Ҷопон супурда шудааст. Оҷонсии дорувории Аврупо гуфт, ки дар ҷаласаи 29 декабраш қарор мекунад, ки оё барои амну муассир будани воксинаи BioNTech/Pfizer барои бақайдгирии баъдӣ далели кофӣ дар даст ҳаст ё на.

Дар паи эътирози нафақахӯрони беларусӣ 12 нафар боздошт шуд

30 ноябр дар кӯчаҳои марказии Минск пиронсолону нафақахӯрон бо талаби истеъфои Александр Лукашенко раҳпаймоӣ карданд

Фаъолони ҳуқуқ дар Беларус гуфтанд, нирӯҳои амниятӣ рӯзи 30 ноябр дар паи пароканда кардани раҳпаймоии нафақахӯрон дар Минск, ки истеъфои Александр Лукашенкоро талаб мекарданд, дастикам 10 нафарро боздошт карданд. Саркӯби эътирози пиронсолон як рӯз баъди он рух дод, ки полис гуфт, барои пароканда кардани ширкатдорони эътирозҳои рӯзи якшанбе аз тирҳои ҳушдордиҳандаву нирӯ истифода карданд. Дар ин эътирозҳо ҳам садҳо нафар боздошт шуд.

Дар эътирозе, ки онро “Марши хирад” номиданд, беш аз як ҳазор нафақахӯрон иштирок карда, озод кардани эътирозгарони дастгиршударо талаб намуданд. Вале ин эътирозгарон баъди он ки полис пеши роҳашонро гирифт, ба гурӯҳҳои хурд тақсим шуда, раҳпаймоии худро аз кӯчаву роҳҳои дигар идома доданд. Маркази ҳуқуқи инсони “Весна” хабар дод, ки рӯзи 30 ноябр 12 нафақахӯр боздошт шуд. Интихоботи баҳсбарангези президентии Беларус, ки 9 август баргузор шуд, Алпександр Лукашенкоро баранда эълон кард, вале на мухолифон ва на сокинони кишвар бо ин натиҷаҳо розӣ нестанд ва наздики чор моҳ аст, ки бо талаби аз қудрат канор рафтани Лукашенко ба хиёбонҳо мебароянд.

Мушовири Трамп, ки мегуфт, доштани ниқоби тиббӣ зарур нест, ба истеъфо рафт

Доктор Скотт Атлас

Донишманде, ки дидгоҳҳои тиббиаш бо аъзои тими президенти ИМА дар умури мубориза бо коронавирус дар ихтилоф буд, аз мақоми мушовири илмӣ истеъфо дод. Доктор Скотт Атлас дар як паёми Твиттерии худ рӯзи 1 декабр дар ин бора хабар дод ва гуфт, ки барои ӯ хидмат ба Трамп ва мардуми Амрико “дар ин даврони мушкил” ифтихор буд. Атлас дар соҳаи тибби ҷамъиятӣ ваё бемориҳои сироятӣ таҷрибае надорад ва давоми чор моҳ мушовири Трамп буд. Созишномаи кори муваққатии ӯ ҳафтаи ҷорӣ ба охир мерасад. Ӯ дар робита бо зарурати бастани мактабу муассисаҳои ҷамъиятӣ, талаботи доштани ниқоби ҳатмии тиббӣ ба хотири назорат аз паҳншавии вирус шубҳаҳо баён карда бо ин мавзеъгириаш бо аъзои тими зидди коронавируси Кохи Сафед вориди баҳс шудааст. Дар ҳоле, ки аъзои дигари тим ба риояи ҳатмии меъёрҳои маҳдудкунанда пойфишорӣ мекарданд, Атлас бо ихтисоси асабшиносиаш зарурати инро ҳамеша ночиз нишон медод. Атлас баъди як мусоҳибааш ба телевизиони давлатии “Россия сегодня” мавриди интиқод қарор гирифт ва рӯзе баъдаш узрхоҳӣ кард, ки мояи истифода қарор гирифтааст.

Қаҳрамони сабқати Формула-1 ба коронавирус олуда шудааст

Луи Ҳамилтон, қаҳрамони ҳафткаратаи Формула-1

Қаҳрамони ҷаҳон дар рақобатҳои Формула-1 Луис Ҳамилтон ба коронавирус олуда шуда, бо ин сабаб аз ширкат дар бозиҳои Баҳрайн барои шоҳҷоизаи «Сахир» бенасиб мемонад. Дар ин бора рӯзи 1 декабр маъмурияти тими ӯ дар Mercedes-AMG Petronas изҳорот дод. Ҳафтаи гузашта се озмоиши тестӣ вуҷуди вируси навро дар хуни варзишгар тасдиқ кард. Тими ӯ дар изҳороте гуфт, ки Ҳамилтон рӯзи душанбе дар бадани худ нороҳатиро эҳсос кард ва баъди ин собит шуд, ки ӯ воқеан ҳам пеш аз сафар ба Баҳрайн ба коронавирус гирифтор шудааст. Ҳамилтони 35-сола мутобиқ бо талаботи тиббӣ дар карантин қарор дорад. Ӯ барандаи ҳафткаратаи унвони қаҳрамони ҷаҳон дар Формула-1 мебошад.

Рӯйхати парвозҳои чартерӣ нашр нашуд, вале сафир мегӯяд, "парвозҳо аз Русия ба Душанбе идома мекунанд" САДО

Маъмурони пулис дар Маскав санади муҳоҷирон аз Осиёи Марказиро тафтиш мекунанд. Акс аз моҳи майи 2020

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз рӯйхати парвозҳои чартериро аз шаҳрҳои Русия ба Душанбе дар моҳи декабр нашр накарданд. Муҳоҷирон мепурсанд, ки оё парвозҳо идома хоҳанд кард ё қатъ шудаанд.

Сафири Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 1-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, парвозҳои чартерӣ аз шаҳрҳои Русия ба Душанбе идома мекунанд ва ҳар рӯз то панҷ парвоз дар назар аст. Имомуддин Сатторӣ афзуд, "агар рӯйхат нашр ҳам нашавад, ширкатҳо аз Оҷонси ҳавонавардии Русия иҷозат гирифта, ба парвозҳо идома медиҳанд."

Сатторӣ мегӯяд, то замоне ки талабгорони бозгашт ба ватан ҳастанд, парвозҳо қатъ нахоҳанд шуд: "Парвозҳо он замон қатъ мешаванд, ки барои бозгашт ба Тоҷикистон касе ёфт нашавад."

"Парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон идома мекунанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:27 0:00
Линки мустақим

Ин дар ҳолест, ки дар сомонаи ширкати "Сомон Эйр" дар бораи идомаи парвозҳои чартерӣ ишорае нашудааст. Дар сомонаи фурудгоҳи "Домодедово"-и Маскав барои рӯзҳои 1 ва 2-юми декабр парвози ҳавопаймоҳо ба Душанбе дар назар аст.

Бино бар маълумоти сомонаи фурудгоҳ, баъзе аз ин парвозҳоро ҳавойпамои ширкати "Тоҷик Эйр" анҷом хоҳанд дод. Ҷониби Тоҷикистон дар ин бора чизе нагуфтааст.

Баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, мунтазири он ҳастанд, ки парвозҳои доимӣ ҳарчи зуд аз сар гирифта шавад, вале Тоҷикистону Русия дар ин замина ҳанӯз ба тавофуқ нарасидаанд.

Муҳоҷирони тоҷик борҳо мақомотро барои нархи баланди билети бозгашт аз Русия танқид кардаанд. Нархи билети ҳавопаймоҳои "Сомон Эйр", ягона ширкате, ки аз Русия бо парвозҳои чартерӣ мусофиронро ба Тоҷикистон меорад, дар масири Маскав-Душанбе 37 ҳазору 200 рубл (395 евро) аст. Муҳоҷирон онро дар муқоиса ба нархи билети бозгашт аз Русия ба Қирғизистону Узбекистон "хеле гарон" мегӯянд.

Масъулони ширкат борҳо гуфтаанд, ки ҳавопаймо аз як ҷониб холӣ парвоз мекунад ва аз ин рӯ нархи билет гарон аст.

Бино бар омори охирини Тоҷикистон ҳудуди 480 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Русия ҳастанд. Ба ҳисоби мақомоти Русия, ин рақам беш аз 1 миллион нафар аст. Қисме ба сабаби паҳншавии бемории коронавирус ва аз даст додани кор мехоҳанд, ба кишвар баргарданд.

OCHA: соли 2021 эҳтиёҷи ҷаҳон ба кӯмаки башарӣ фавқулодда зиёд мешавад

Афғонистон

UNOCHA – дафтари СММ оид ба ҳамоҳангсозии ёриҳои башарӣ мегӯяд, “шок”-е, ки ҷаҳон бар асари пандемияи коронавирус шоҳид шудааст, эҳтиёҷ ба афзоиши бесобиқаи ёриҳои башариро ба миён овардааст. Ба ҳисоби тахминии ин созмон, соли 2021 чоряк қисми як миллиард аҳолии ҷаҳон ба чунин ёриҳои изтирорӣ ниёз хоҳанд дошт. Дар гузорише, ки 1 декабр нашр шуд, UNOCHA пешгӯӣ кардааст, ки дар соли оянда шумори мардуми ниёзманд ба ёрии башарӣ дар қиёс бо соли ҷорӣ 40 дарсад афзоиш меёбад. Ин гузориш мегӯяд, агар ҳамаи ниёзмандони чунин ёриҳо сокини як кишвар бошанд, шумори онҳо 235 миллион нафарро ташкил медод.

Ин созмон мегӯяд, ки соли оянда бояд кӯмакҳояш ба 159 миллион аҳолии ниёзманди сайёра дастрас шавад ва ин 35 миллиард долларро талаб мекунад. Ин 2 баробар бештар назар ба хароҷоти ҳамсони соли ҷорӣ мебошад, вале эҳтимоли ба ҳадаф нарасидани ин барномаҳо ҳам вуҷуд дорад.

Марк Ловкокк - муовини дабири кулли СММ дар умури кӯмакҳои башарӣ ва раҳбари UNOCHA гуфт, “манзарае, ки барои ёриҳои башарии соли оянда мебинем, бисёр торик аст, чун пандемия ба кишварҳои аз ҳама осебпазир ва заъиф таъсир кардааст”. Ловкокк гуфт, ки барои аввалин бор баъди солҳои 1990 мизони фақри фавқулодда афзоиш меёбад ва умри инсон камтар мешавад, илова ба ин, интизор меравад, ки ҳодисаҳои марг бар асари HIV, сил ва вараҷа ду баробар афзоиш меёбад.

“Барои сарватмандон рӯшании охири нақб дидашаванда аст, вале барои ҷаҳони фақр на. Бӯҳрони COVID-19 миллионҳо нафарро ба ҳолати фақру нодорӣ овард ва эҳтиёҷ ба ёриҳои башариро фавқулодда зиёд кард”.

Эҳтимол меравад, ки СММ барои пӯшиши ин ҳама эҳтиёҷҳо дар соли оянда 2 миллиард доллар бештар маблағ тақозо кунад ва дар умум ин талабот 20 миллиард долларро ташкил хоҳад дод. Бино ба арзёбиҳои Ловкокк, мушкилтарин ҳолат дар Яман ва баъди он дар кишварҳои мисли Афғонистон, Конго, Ҳаити, Нигерия, Судони Ҷанубӣ, Украина ва Венесуэла мушоҳида хоҳад шуд.

Ширкати амрикоии Moderna барои бақайдгирии воксинаи зидди COVID-19 ариза дод

Moderna дуюмин ширкат дар ИМА аст, ки барои бақайдгирии воксинаи зидди COVID-19 дархост додааст

Ширкати амрикоии Moderna ба ниҳодҳои давлатии ИМА барои сабтиноми воксинаи зидди COVID-19 муроҷиат кард. Аризаи ширкати Moderna рӯзи 30 ноябр ба идораи бо номи Маъмурияти ИМА оид ба ғизову доруворӣ ирсол шуд. Раҳбари кулли ширкат Стефан Бансел гуфт, ки агар ин идора тасдиқ кунад, ки воксинаи сохтаи онҳо амну муассир аст, миллионҳо дона воксинаи аввал то миёнаҳои моҳи декабр ба дасти сокинони Амрико мерасад. Озмоишҳо собит кард, ки муассирияти воксинаи сохтаи Moderna 94,1 дарсад будааст. Ин воксина дар тани 30 ҳазор ихтиёрии синнусолу нажод ва ҷинсияти гуногун санҷида шудааст. Ширкат инчунин мехоҳад, ки воксинаро дар идораҳои маъмурии Аврупо ва ҳам нуқтаҳои дигари ҷаҳон сабтином кунад.

Moderna баъди Pfizer дуюм ширкати амрикоист, ки барои сабтиноми билофосилаи воксинаи сохтааш аз мақомот иҷозат хостааст.

Воксинаҳои нав дар ҳоле таҳия мешаванд, ки бар асари коронавируси нав дар ҷаҳон 1,4 миллион нафар кушта шудаанд. Дар ИМА шумори талафоти инсонӣ аз миёни 13,5 миллион нафари олуда 268 ҳазор нафарро ташкил додааст. Дар ин кишвар мизони олудашавӣ ба вирус дар ҳоли афзоиш аст ва баъди таҷлили иди Шукргузорӣ ҳодисаҳои олудашавӣ боз ҳам бештар шуд.

Дар ду моҳ дар Узбекистон наздики 20 тан қурбонии газ шуданд

Узбекистон. Як манзил пас аз таркиши газ. Акс аз бойгонӣ.

Субҳи рӯзи гузашта дар натиҷаи таркиши газ дар манзили зисте дар ноҳияи Янгиюли вилояти Тошканди Узбекистон ду кас кушта ва ду тани дигар маҷруҳ шуданд. Рӯзи 25 ноябр дар ноҳияи Ҳаваси вилояти Сирдарё дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз газ чаҳор узви як хонавода, аз ҷумла се кӯдак фавтид.

Ба иттилои мақомот, субҳи 30 ноябр дар маҳаллаи Кирарики ноҳияи Янгиюл таркиш ва оташсӯзӣ рух дод. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон гуфт, ду тан аз аъзои хонавода фавтида, ду тани дигар ҷароҳати вазнин бардоштаанд.

Дар ду моҳи охир дар Узбекистон на камтар аз 12 кас дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз газ фавтидаанд.

Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, талаби ҷуброн аз ширкати таъминкунандаи газ кори беҳуда аст: то ин замон касе дар Узбекистон талош накардааст, ки ҷуброн талаб кунад.

Рӯзи 26 ноябр додситонии кулли Узбекистон хабар дод, ки дар натиҷаи заҳролудшавии чаҳор узви як оила парванда боз кардааст. Аммо касе аз мақомоти Узбекистон масъулияти заҳролудшавии сокинонро ба душ намегирад.

Шералӣ Сатторов, сухангӯи Эътилофи ҳимоят аз ҳуқуқи истеъмолгарони Узбекистон гуфт, вай иттилоъ надорад, ки оё касе барои марги пайвандонаш аз мақомоти кишвар ҷуброн талаб кардааст ё на.

"Айни замон ҳаминро медонам, ки соҳибкоре аз Самарқанд баъди қатъшавии бемавриди неруи барқ ва пажмурда шудани ниҳолҳои гармхонааш аз ширкати таъминкунандаи барқ наздики 96 ҳазор доллар ҷуброн талаб дорад", - гуфт Сатторов.

Вай афзуд, ширкатҳои таъминкунандаи барқу газ инҳисорталаб ҳастанд ва омода нестанд, ки айбҳояшонро эътироф кунанд. Ба ин далел сокинон наметавонанд аз онҳо ҷуброн талаб кунанд.

Нирӯҳои озарбойҷонӣ ба ноҳияи сеюм дар Қаробоғи Кӯҳӣ ворид шуданд

1 декабр. Нирӯҳои Озарбойҷон аз кӯчаҳои ноҳияи Лочин убур мекунанд

Озарбойҷон гуфт, ки нирӯҳояш ба ноҳияи Лочин, ки бар асоси созиши сулҳ бо Арманистон сеюм минтақаи ба дасти озариҳо гузашта мебошад, ворид шуданд. Ин созиш баъди шаш ҳафта ҷангҳо дар Қаробоғи Кӯҳӣ – як минтақаи ҷудоиталаби аксар аҳолиаш арманитабор ҳосил шуд, ки дар ҳудудҳои эътирофшудаи Озарбойҷон ҷойгир аст. Вазорати дифоъ бо пахши изҳороте хабар дод, ки воҳидҳои низомии артиши Озарбойҷон “бар асоси созиши моҳи ноябр миёни Арманистон, Озарбойҷон ва Русия рӯзи 1 декабр ба минтақаи Лочин ворид шуданд”. Вазорат инчунин як навори видеоӣ нашр кард, ки дар он тонке бо парчами Озарбойҷон дар садри як корвони калони мошинҳои низомӣ шабонгоҳ вориди минтақа мешавад. Озарбойҷон дар ҷангҳои оғози солҳои 1990-ум бо Арманистон, ки якбора баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ сар зад, минтақаи Лочинро аз даст дод. Лочин хати стратегие дар марзи аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътирофшуда бо Арманистон ва ҳам минтақаҳои аз ҷониби арманиҳо ишғолшуда дар Қаробоғи Кӯҳӣ ба шумор меравад.

Арманистон розӣ шуд, ки се ноҳияи атрофи Қаробоғи Кӯҳӣ – Ағдам, Калбаҷар ва Лочинро ба Озарбойҷон бозпас бидиҳад. Зери ин созиш, ки рӯзи 9 ноябр ба даст омад, Арманистон, Озарбойҷон ва Русия имзо гузоштанд. Бар асоси ин санад, амалиёти ҷангӣ ҳам дар минтақа хотима меёбад. Ағдам рӯзи 20 ноябр, Калбаҷар ва ҳам даҳлези Лочин, ки Қаробоғро бо Арманистон мепайвандад, панҷ рӯз баъди он ба дасти Озарбойҷон гузштанд. Бар асоси ин созиш, ҳудудан 2 ҳазор нирӯҳои низомии Русия дар минтақа, аз ҷумла даҳлези Лочин мустақар шуданд.

Вазирони корҳои хориҷии НАТО вазъи Афғонистонро баррасӣ мекунанд

Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви НАТО қарор аст дар як видеоконфронси дурӯзае, ки 1-уми декабр шурӯъ мешавад, ояндаи ин ниҳод дар Афғонистонро баррасӣ кунанд.

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфт, НАТО дар муқобили “як мушкили ҷиддӣ” қарор дорад, ки оё Афғонистонро тарк карда онро дар муқобили хатари табдил шудан ба паноҳгоҳи терроризми байналмилалӣ қарор диҳад ва ё дар фазои хушунатҳои афзоишёбанда рисолати худро дар ин кишвар тамдид бикунад.

17 сол баъди раҳбарӣ бар нирӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон ҳоло НАТО дар ин кишвари ҷангзада бо 11 ҳазор сарбозаш аз кишварҳои мухталиф боқӣ мемонад.

Вазифаи ин нирӯҳо тамрин ва машварат ба нирӯҳои амнияти миллии Афғонистон аст. Вале қарор аст то 15 январ шумори нирӯҳои амрикоӣ, ки дар корҳои кӯмаки ҳавоӣ, нақлиёт ва интиқоли борҳо саҳмгузор буданд, то 2 ҳазор нафар коҳиш ёфта, бо 2500 сарбоз маҳдуд шаванд. Дар ҷараёни нишасти матбуотии 30-юми ноябр дар Брюссел Столтенберг гуфт, ки корҳои тамринии нирӯҳои НАТО идома меёбад, вале “дар моҳҳои наздик мо бояд бо назардошти шароит дар маҳал ҳузури худро баррасӣ кунем”. Ба гуфтаи дабири кулли НАТО, масъалаи дигари мавриди баррасӣ дар конфронси 1-2 декабр фаъолияти Русия дар марзҳои НАТО хоҳад буд.

Як гузаргоҳи миёни Қазоқистону Қирғизистон баста шуд

Яке аз гузаргоҳҳои марзӣ миёни Қирғизистон ва Қазоқистон.

Сар аз 30 ноябр гузаргоҳи марзии "Каркира-автодорожний", дар марзи Қазоқистону Қирғизистон баста шуд.

Хадамоти давлатии гумруки Қирғизистон хабар дод, ки басташавии гузаргоҳ ба вазъи ҳаво ва роҳи мошингард рабт дошта, ба хотири пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода чунин тасмим гирифта шудааст.

Равуои нақлиёт тариқи ин гузаргоҳ то 1 марти соли 2021 манъ хоҳад буд.

Пештар хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар дода буд, ки гузаргоҳи "Каркира-автодорожний" ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мекунад.

56 кишвар аз Русия хостанд, ҷузъиёти заҳролудсозии мухолифи рус Навалнийро ошкор кунад

Алексей Навалний.

Созмони манъи силоҳҳои кимиёӣ аз Москва даъват кард, ки ҷузъиёти заҳролудсозии мухолифи рус Алексей Навалнийро ошкор кунад. Ба ин даъват 56 кишвар аз маҷмуи 193 кишвари узви Созмони манъи силоҳҳои кимиёӣ ҳамроҳ шуданд.

Дар изҳороти муштарак омадааст, ки ҳама гуна заҳролудсозии инсон истифодаи истифодаи силоҳи кимиёӣ ҳисобида шуда, боиси нигаронӣ аст. Дар изҳорот ҳамчунин омадааст, ки ҳама гуна истифодаи силоҳи кимиёӣ ғайри қобили қабул ва зидди меъёрҳои байналхалқӣ аст.

Кишварҳое, ки зери изҳорот имзо гузоштанд, заҳролудсозии афсари пешини мақомоти иктишофии Русия Сергей Скрипал ва духтараш Юлияро маҳкум карданд. Заҳролудсозии Скрипал дар соли 2018 дар Бритониё сурат гирифт.

Вазъи сиҳатии Навалний 20 августи соли равон, ҳангоми парвоз аз шаҳри Томск ба шаҳри Москва бад шуд. Халабон ҳавопайморо дар Омск ба замин нишон ва ӯро нахуст ба бемористони маҳаллӣ ва сипас ба шаҳри Берлин интиқол доданд. Ҷонибдоронаш мегӯянд, Навалний заҳролуд карда шудааст.

Намояндаи расмии ҳукумати Олмон Штеффен Зайберт нимаи дувуми моҳи сентябр гуфт, дар бадани Навалний асари маводи кимиёии заҳролудсоз аз гуруҳи хатарноки "Новичок"-ро пайдо карданд. Бо вуҷуди он, ки мақомоти рус ин иддаоро рад мекунанд, ду озмоишгоҳи мустақил дар Фаронса ва Шветсия хулосаи мутахассисони олмониро тасдиқ карданд.

Созмонҳои иҷтимоӣ дар Қазоқистон аз "ҳамла"-и кормандони андоз шикоят доранд

Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Намояндагони созмонҳои иҷтимоӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар Қазоқистон аз таҳдидҳои беасоси кормандони андоз шикоят доранд.

"Давоми чанд ҳафтаи охир созмонҳои иҷтимоӣ аз сӯи кормандони бахши андоз "ҳамла" шуданд. Мо бар ин боварем, ки пушти ин "ҳамлаҳо" мақомоти амниятӣ меистанд. Дар як вақт ва дар чанд минтақа созмонҳои иҷтимоӣ дар бораи гӯё вайрон кардани талаботи пешниҳоди ҳисобот огоҳинома гирифтаанд",-гуфт Евгений Жовтис, мудири як созмони иҷтимоӣ аз Қазоқистон.

Намояндагони чанд созмон гуфтанд, ки пештар ҳам бо ин гуна фишорҳо рӯ ба рӯ шуда буданд ва онҳо изҳор доштанд, ки омодаанд дар додгоҳ аз ҳуқуқҳои худ ҳимоят кунанд.

"Дар соли 2016 ҳам, дар пайи эътирозҳои оммавӣ ба мо ҳамин гуна фишор оварда буданд. Моро бе асос ҷарима карда буданд", - гуфт Амангелдӣ Шорманбоев, раиси яке аз дигар созмонҳои иҷтимоӣ дар Қазоқистон.

Ширкатдорони нишасти хабарии рӯзи 30 ноябр, ки аз намояндагони созмонҳои иҷтимоии Қазоқистон иборат буданд, гуфтанд, ба додгоҳи байниноҳиявии шаҳри Нурсултон шикоят мебаранд.

Шумораи маҳбусони сиёсии Қазоқистон 8 нафар зиёд шуд

Тазоҳурот ба тарафдорӣ аз раҳоии зиндониёни сиёсӣ дар Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Ҳашт фаъоли маданӣ ва сокини шаҳри Алматои Қазоқистон, ки барои нашри сурудҳои мазҳабӣ ба муддати тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд, маҳбуси сиёсӣ эътироф гаштанд.

Тавре ҳомии ҳуқуқ Бахитҷон Торегожин 30 ноябр дар "Фейсбук" иттилоъ дод, фаъолони мазкурро шӯрои коршиносони муташаккил аз ҳомиёни ҳуқуқи маҳаллӣ маҳбусони сиёсӣ эътироф кардааст.

Ин ҳашт нафар бар асоси банди "Иштирок дар фаъолияти ҳаракати сабтиномнашудаи "Интихоби демократии Қазоқистон" зиндонӣ шудаанд.

Аскар Ажгужинов, ​Уласбек Ахметов, ​Муратбой Баймагамбетов, ​Багдат Бактибиев, Марат Дуйсенбиев, Аскар Нурмаганов, Ноян Рахимжанов ва ​Шухрат Кибиров фаъолони маданӣ аз минтақаҳои гуногуни Қазоқистон ҳастанд, ки дар пайи интиқодҳояшон аз сиёсати мақомоти ин кишвар ва ҷонибдорӣ аз фаъолони таъқибшуда дастгир шуданд ,

Рӯйхати маҳбусони сиёсии Қазоқистон дар арафаи Рӯзи президенти нахустини ин кишвар нашр шуд, ки ҳамасола 1 декабр таҷлил мешавад. Ҳомиёни ҳуқуқи қазоқ ин гуна рӯйхатро бори нахуст 31 майи соли 2013 нашр карда буданд, ки он замон номи шаш касро дар бармегирифт.

Фаъоли маданӣ аз вилояти Қазоқистони Шарқӣ Серик Идиришев ва фаъоли дигар аз шаҳри Костанай Аскар Ибраев низ ба рӯйхати маҳбусони сиёсии Қазоқистон шомил гаштанд. Ин ду нафарро додгоҳ дар моҳҳои декабри соли гузашта ва январи соли равон бо ҷурми "иштирок дар фаъолияти ҳаракати мамнуи Интихоби демократии Қазоқистон" аз озодӣ маҳрум кардааст.

Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи қазоқ, дар ҳоли ҳозир ба ин рӯйхат номи 22 кас шомил карда шудааст.

Вазорат гуфт, 39 каси дигар ба коронавирус мубтало шудаанд

Акс аз бойгонӣ

Намояндагони Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар шабонарӯзи гузашта 39 мавриди дигари гирифторӣ ба коронавирусро сабт карданд. Дар умум, ба иттилои расмӣ, аз охири моҳи апрел то 30-юми ноябр 12 ҳазору 194 кас бемор шудаанд. Вазорат талафот аз бемории ҳамагирро 86 нафар шумурд ва иддао кард, ки тақрибан 12 ҳазор кас ё беш аз 95 дарсад шифо ёфтанд. Мақомот аз ин бештар ҷузъиёт намедиҳанд. Мунтақидон ба омори расмӣ бо шубҳа менигаранд. Ба бовари онҳо, омори воқеии беморон ва талафот аз коронавирус бамаротиб бештар аст. Радиои Озодӣ рӯзи 25-уми ноябр рӯйхати 225 нафарро нашр кард, ки бино бар тасдиқи пайвандон, пизишкон ва навиштаи расонаҳо аз коронавируси нав ва илтиҳоби шуш фавтидаанд.

Фаъоли мадании қазоқро дар "таҳқири намояндаи давлат" айбдор мекунанд

Бауирҷон Алипкалиев бо ҷонибдоронаш. 30-юми ноябри 2020

Додгоҳе дар шаҳри Урал, маркази маъмурии Қазоқистони Ғарбӣ баррасии парвандаи фаъоли маданӣ Бауирҷон Алипкалиевро бо айби "Таҳқири намояндаи давлат тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ" оғоз кард.

Бино ба маводи парванда, ду корманди пулис 25 сентябри соли равон бо мақсади санҷиши ҳуҷҷатҳо мошини КамАЗ-еро боз доштанд, ки дар он Бауирҷон Алипкалиев ҳамроҳи шиносаш ҳаракат мекард. Алипкалиев рафти санҷишро бо телефон ба навор гирифтааст.

"Алипкалиев тавассути паёмакрасон ба навор гирифта, гуфтааст, ки кормандони пулис хабаркаш ҳастанд. Ин гуфтаҳо хусусияти таҳқиркунанда доранд", - изҳор доштааст додрас Кайрат Утешев дар мурофиа.

Худи Алипкалиев мегӯяд, парвандаи ҷиноӣ зидди ӯ бо ангезаҳои сиёсӣ боз шудааст. Дархости вай низ барои ивази додраси парванда қонеъ нашуд. Алипкалиев гуфт, мақомоти қазоқ ӯро барои мавқеъгирӣ ва фаъолиятҳои маданияш таъқиб мекунанд.

Бауирҷон Алипкалиев, сокини Урали вилояти Қазоқистони Ғарбӣ бо иштироки худ дар ҳамоишҳои эътирозӣ маъруф аст. Вай моҳи равон ба додгоҳи Урал шикоят бурда, хост қарори шаҳрдор дар бораи иҷозат надодан ба баргузории ҳамоиши осоишта ғайриқонунӣ эълом шавад.

Дар доираи парвандаи Матраимов даст доштани кормандони дигари гумрук ба фасод ошкор шуд

Раимбек Матраимов

Кумитаи давлатии амнияти миллии (КДАМ) Қирғизистон рӯзи 30 ноябр хабар дод, ки тафтиши пешакӣ нисбати Раимбек Матраимов, муовини пешини раиси хадамоти гумруки он кишвар идома дорад.

Ба иттилои КДАМ, дар доираи ин парванда даст доштани кормнадони дигари гумрук дар фасодкорӣ ошкор шудааст.

"Рӯёнидани ҷуброни зарари ба давлат расонидашуда идома дорад. Тафтишот ба ҷамъоварии далелҳое машғул аст, ки аз порагирии доимии гуруҳи кормандони феълӣ ва пешини гумрук шаҳодат медиҳанд", - хабар медиҳад КДАМ Қирғизистон.

КДАМ рӯзи 17 октябр аз шуруъи тафтишоти пешакӣ дар робита ба фасодкорӣ дар Хадамоти гумруки Қирғизистон хабар дод. Рӯзи 20 октябр Раимбек Матраимов, муовини пешини раиси хадамоти гумруки он кишвар боздошт ва баъдан ба ҳабси хонагӣ фиристода шуд. КДАМ хабар дод, ки Матраимов зиёни расонидаашро ба давлат бармегардонад.

Раимбек Матраимов қаҳрамони силсилаи таҳқиқоти рӯзноманигорӣ аст. Ӯро дар ташкили низоми фасодолуд дар мақомоти гумруки Қирғизистон айбдор мекунанд.

ВКД Беларус: дар эътирозҳои 29 ноябр “тирҳои ҳушдордиҳанда” ба кор рафт

30 ноябр. Дар Минск раҳпаймоии нафақахӯрон баргузор шуд, ки ба хушунати полис дар нисбати мардум дар рӯзи якшанбе эътироз баён карданд

Вазорати умури дохилии Беларус тасдиқ кард, ки дар эътирозҳои 29-уми ноябр алайҳи мардум, ки бо талаби истеъфои Александр Лукашенко ба хиёбонҳо баромада буданд, нирӯҳои амниятӣ аз “васоили вижа” истифода карданд. Сухангӯи вазорат Волҳа Чамаданова дар шабакаи Телеграм рӯзи 30 ноябр навишт, ки сохторҳои ҳифзи қонун тирҳои ҳушдордиҳанда сар доданд, то ки мардум пароканда шаванд. Ин изҳорот хабари Бахши беларусии Радиои Озодиро тасдиқ кард, ки нирӯҳои ҳифзи қонун дар муқобили эътирозгарон аз гази ашковар ва норинҷакҳои баландсадо кор бурдаанд.

Чамаданова навишт, ки нирӯҳои амниятӣ маҷбур шуданд, ки аз васоили вижа – чанд тири хушдордиҳанда ва гази ашковар истифода кунанд. Ба гуфтаи ӯ, дар паи эътирозҳои рӯзи якшанбе 313 нафар бо иттиҳоми вайрон кардани қонуни ташкили маъракаҳои ҷамъиятӣ боздошт шуданд. Маркази ҳуқуқи башари “Весна”, ки дар Минск воқеъ аст, гуфт, ки дар маҷмӯъ дар саросари кишвар 420 нафар боздошт шуд. Аксари онҳо дар Минск, Брест, Ҳродно ва дигар шаҳрҳо дастгир шуданд.

Азбаски эътирозҳо дар нуқоти мухталиф баргузор шуд, нашри омори дақиқи ширкатдорони раҳпаймоиҳои рӯзи 29 ноябр имконпазир нест.

Дар Покистон 24 нафар дар як рӯз қурбони садамаҳои автомобилӣ шуданд

Кӯчаву хиёбонҳои Покистон хеле серодам ва пур аз мошин аст

Дар Покистон дар як рӯзи 30 ноябр якбора 24 нафар қурбони садамаҳои ҷудогонаи автомобилӣ шуданд. Ба иттилои полис, дар натиҷаи бархӯрди автобус ва микроавтобус дар маҳаллаи Наранг Мандии минтақаи марказии Панҷоб, 13 нафар ҷон дод. Манзур Ҳусайн, як мақоми полис гуфт, ки дар паи ин садама боз 20 нафари дигар бо ҷароҳатҳои мухталиф ба беморхона интиқол дода шуданд. Ҳанӯз сабаби ин садама маълум нест. Инчунин шаби гузашта як миниавтобус бо мусофирон бо як мошине, ки хишт интиқол медод, бархӯрд кард. Дар ин ҳодиса, ки дар минтақаи Синдҳ рух дод, 11 нафар кушта шуд. Акрам Чандио, як афсари маҳаллии полис гуфт, ки суръати баланди мошин зоҳиран сабаби аслии рух додани садама будааст. Айни замон, таҳлилҳо нишон медиҳад, ки сифати бади сохторҳои зербунёдӣ, мошинҳои таъмирнодида ва хунукназарӣ ба чораҳои амниятӣ ба ҳангоми ҳаракат дар роҳ сабаби кушта шудани ҳазорҳо нафар дар сол мешавад.

 Ҳангоми бозӣ бо саг пои Ҷо Байден осеб дид

Ҷо Байден, президенти мунтахаби ИМА

Дафтари Ҷо Байден гуфт, ки президенти тозаинтихоби ИМА ҳангоми бозӣ бо сагаш пояшро осеб дод ва эҳтимолан дар ҳафтаҳои наздик бо пойфзоли махсуси муҳофизатӣ хоҳад гашт. Байден 78 сол дорад ва рӯзи 28 ноябр пояш осеб диду рӯзи 29 ноябр барои санҷиши эҳтиётӣ назди духтури шикастабанд дар шаҳри Нюворки Делавар рафт. Духтур баъди санҷидани устухони президенти мунтахаб гуфт, ки устухони пояш ду хати хурди шикаста пайдо кардааст барои барқарор шудани по бояд бо пойафзоли махсус бигардад. Ба иттилои аъзои тими Байден, ӯ ду саг дорад, ки яке Мейҷор ва дигаре Чемп ном доранд. Ҳангоми бозӣ бо саги аввал зоҳиран пои президент лағжидааст.

Байден гуфтааст, ки вақти кӯчидан ба Кохи Сафед ин ду саг ва инчунин як гурбаашро ҳамроҳ мебарад. Байден кӯҳансолтарин президенте мешавад, ки шурӯъ аз 20 январ дар Кохи Сафед ба кор шурӯъ мекунад. Дар як гузориши духтури Байден омадааст, ки ӯ аз болоравии холестерин доруву дармон мегирад, вале дар маҷмӯъ сиҳҳатиаш хуб асту худро хуб ҳис мекунад ва метавонад “бомуваффақият вазифаҳои президентиро иҷро кунад”.

Умедвории фаластиниҳову Лигаи кишварҳои Араб ба музокироти нав бо маъмурияти Байден  

Шоҳи Урдун Абдулло умедвор аст, ки бо сари кор омадани Ҷо Байден дар маъмурияти Кохи Сафед музокироти сулҳи Арабу Исроил аз сар гирифта мешавад

Мақомоти Фаластин ва Лигаи кишварҳои Араб гуфтанд, ки умедвор ҳастанд маъмурияти нави ИМА дар амри бунёди давлати мустақили Фаластин нақши “мусбат” бозӣ хоҳад кард. Президенти Фаластин Маҳмуд Аббос ва раҳбари Лигаи кишварҳои Араб Аҳмад Абулғайт рӯзи 29 ноябр дар Қоҳира, пойтахти Миср мулоқот карда, аз ҷумла, натиҷаҳои интихоботи раёсатҷумҳурии ИМА-ро баррасӣ карданд. Интихоботи 3 ноябр зоҳиран бо пирӯзии Ҷо Байден бар президенти амалкунанда Доналд Трамп анҷомид. Мақомот гуфтанд, ки шоҳи Урдун Абдуллоҳ бо Аббос мулоқот кард ва изҳори умедворӣ намуд, ки Байден ба хотири дастёбӣ ба идеяи ҳамзистии ду кишвар дар паҳлӯи ҳам ва хатми низои тӯлонии Арабу Исроил музокироти сулҳро аз сар хоҳад гирифт. Дар изҳороти қасри Урдун омадааст, ки “Ҷаноби олӣ ба мавқеи Урдун таъкид карданд, ки ин кишвар бо тамоми тавонмандиаш дар пушти фаластиниҳо дар амри дастёбии онҳо ба ҳақи таъсиси давлати мустақил истодааст”.

Байден ҳафтаи гузашта бо Абдуллоҳ сӯҳбате дошт ва ба шоҳи Урдун гуфт, ки умедвор аст дар амри пуштибонӣ аз идеяи бунёди ду давлат ва аз ҳамин роҳ хотима ёфтани низои Арабу Исроил ҳамкорӣ хоҳад кард.

Маҳмуд Аббос се сол пеш бо интиқоди ин ки маъмурияти ИМА аз мавқеи рӯ ба Исроил кор мегирад, робитаҳояш бо Вашингтонро қатъ кард. Президент Доналд Трамп аз сиёсати даҳсолаҳо пеш танзимшуда дар заминаи эҷоди ду давлати мустақил ҳамчун формулаи ҳалли ҳамзистии сулҳомези фаластиниҳову исроилиҳо даст кашид. Ӯ инчунин Байтулмуқаддас, аз ҷумла қисматҳои шарқии онро ҳамчун “қисматҳои ҷудонашавандаи пойтахти” Исроил эътироф кард ва сафорати ИМА-ро ба он шаҳр кӯч дод. Ин ҳодиса боиси ранҷидани фаластиниҳо шуд, чун онҳо Шарқи Байтулмуқаддасро ҳамчун пойтахти ояндаи кишвари худ арзёбӣ мекунанд.

Трамп дар бораи натиҷаҳои интихобот: “Фикри ман дигар намешавад”

Президенти ИМА Доналд Трамп

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 29-уми ноябр ишора кард, ки ҳатто тасдиқи пирӯзии Ҷо Байден дар аёлати Висконсин дар натиҷаи бозшумории овозҳо, ки зарбаи дигаре ба Трамп шуд, ба ин ғалаба тан намедиҳад. Трамп дар мусоҳиба бо телевизиони Fox News бори дигари бидуни далеле иддао кард, ки интихобот тақаллуб шуд ва дар овоздиҳӣ як сохтакории сартосарӣ ҷой дошт. Ӯ гуфт:

“Ин интихобот тақаллуб шуд. Ин як интихоботи комилан тақаллубӣ буд ва то замоне, ки онро пинҳон мекунанд, ҳамингуна мемонад. Мушкиле, ки мо дорем, ин аст, ки бояд ба додгоҳ равем ва мардум намехоҳанд мудохила кунанд. Матбуот ҳатто онро пӯшиш додан намехоҳад”.

Ин нахустин мусоҳибаи телевизионии Трамп баъди интихоботи раёсатҷумҳурии ИМА буд, ки 3-юми ноябр баргузор шуд. Трамп таҳдид кард, ки мубориза барои натиҷаҳои интихоботро идома медиҳад. Ӯ гуфт, “Фикри ман дигар намешавад”.

Дар ҳоле, ки Трамп ҳамоно ба тақаллуб шудани интихобот пойфишорӣ мекунад, тими ҳуқуқшиносони ӯ то ҳол ҳеҷ далели дасткорӣ шудани натиҷаҳои интихоботро ба додгоҳ таслим накардааст ва тақрибан ҳамаи даъвоҳои онҳо рад шудааст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG