Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар захирагоҳи силоҳ дар Туркманистон


Бар асари як таркиш дар захирагоҳи силоҳ дар шаҳри Ободони Туркманистон 10 тан ҷони худро аз даст додаанд.

Бар навиштаи хабаргузориҳо, дар натиҷаи ин инфиҷор, ки дар 20 километрии Ишқобод рух додааст, ҳамчунин маҳаллаҳои атроф осеб дидаанд.

Ба дунболи ин ҳодиса нерӯҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти оташфишонии Туркманистон маҳалли ҳодисаро иҳота намуда ва сокинони атрофро ба ҷойҳои амнтар кӯч додаанд.

Таркиш дар анбори силоҳ дар Туркманистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:03 0:00
Линки мустақим


То ба ҳол сабабҳои дақиқи ин таркиш рӯшан нест, вале мақомоти туркман гуфтаанд, ки фақат як таркиш буд, ки дар натиҷаи оташбозӣ дар захирагоҳи петарда ё маводи оташбозӣ рух додааст.

Изҳороти мақомоти туркман ҳокист, ки маводи оташбозие, ки дар захирагоҳ маҳфуз будааст, “бар асари гармии шадиди ҳаво инфиҷор кард”, вале дар ин ҳодиса ҳеҷ кас ва ё сохтмоне осеб надид. Изҳороти мазкур хилофи гузоришҳо дар бораи он аст, ки таркиш дар як захирагоҳи силоҳи низомӣ рух додааст.

То ба ҳол имкони таъйиди ин хабар тавассути манобеи мустақил имкон надорад.
XS
SM
MD
LG