Пурфурӯштарин ҳафтаномаи ҳангомҷӯи бритониёӣ “News of the World” ё “Навгониҳои ҷаҳон” рӯзи якшанбе ба мавҷудияти хеш хотима хоҳад гузошт. Ин иқдом ба дунболи моҷарои дуздии иттилоъ аз телефонҳои мардум гирифта шудааст. Соҳибимтиёзи ҳафтанома, Ҷеймс Мердок, писари сарватманди австарлиёӣ Руперт Мердок гуфт, тасмими қатъи нашри ҳафтанома пас аз машварат бо ҳамкорони аршад гирифта шудааст. Нашрия иқрор кард, ки аз телефони сиёсатмадорон, чеҳраҳои саршинос ва кормандони дарбори салтанатӣ, сарбозоне, ки дар Ироқу Афғонистон кушта шудаанд, иттилоъ ҷамъоварӣ ва мунташир кардааст.