Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз қатъномаи порламони Авурупо интиқод кард


Имрӯз вазорати корҳои хориҷаи Русия аз порламони Аврупо интиқод кард, ки қатъномаеро ба тасвиб расондааст ва дар он аз Маскав хостааст, то баргузории интихоботи озодро замонат диҳад ва маҳдудиятҳо барои Ҳизби Мардумии Озодихоҳи мухолифон ё Парнас-ро аз миён бардорад. Ин қатънома имрӯз дар порламони Аврупо дар Страсбург ба тасвиб расид ва Русия онро талоши саҳлангоронаи мудохила дар умури дохилии кишвараш арзёбӣ кард. Моҳи гузашта вазорати адлияи Русия ҳизби мухолифонро ба раҳбарии Борис Немтсов сабти ном накард. Дар қатъномаи порламони Аврупо омадааст, чунин маҳдудиятҳо гуногунандешии сиёсиро дар Русия барҳам мезанад.
XS
SM
MD
LG