Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тааҳҳуди Тадич ба эъмори равобити наздик бо Босния


Тадич бо сегонаи раҳбарони Босния
Тадич бо сегонаи раҳбарони Босния
Раисиҷумҳури Сербистон Борис Тадич имрӯз дар Сараево ба беҳбуди равобит бо Босния ваъда супурд. Зимни нахустин сафари расмиаш ба пойтахти Босния дар 5 соли охир, Тадич гуфт, кишвараш “бо азми ҳамкории комил хостори эъмори равобити хеле наздики дӯстона бо Босния мебошад.” Равобити Сербистону Босния баъди ҷанги солҳои 1992-1995 ба маҳзи ҳимояти Белград аз сербҳои Босния ба вахомат печид. Сафари Тадич, ки худ дар Сараево ба дунё омадааст, замоне иттифоқ уфтод, ки Сербистон дар моҳи май фармондеҳи собиқи нирӯҳои серби Босния Ратко Младичро боздошт кард ва ба додгоҳи Ҳейг супурд. Ин додгоҳ Младичро ба ҷиноёти ҷанг дар солҳои ҷанги Босния айбдор мекунад.
XS
SM
MD
LG