Имрӯз нерӯҳои ҳукуматии Сурия шаҳри Ҳамаро, ки он ҷо намоишҳои эътирозӣ идома доранд, иҳота карданд. Ба гуфтаи шоҳидон, ҳама роҳҳо ба сӯи шаҳр тавассути танкҳову низомиён баста шудаанд.
Рӯзи душанбе дар ин шаҳр садҳо мухолифини ҳукумат боздошт шуданд. Як табиби маҳаллӣ гуфт, ки дар амалиёти низомиёну нерӯҳои амниятӣ се нафар, аз ҷумла, як навраси 13-сола ба ҳалокат расиданд. Ромид Абдураҳмон, раиси созмони дидбони ҳуқуқи башари Сурия, ба хабаргузории Рейтер гуфтааст, ки дар атрофи шаҳри Ҳама низ 250 нафар аз мухолифини ҳукумат боздошт шудаанд.
Рӯзи 1 июл дасти кам 150 ҳазор сокинони шаҳри Ҳама ба хиёбонҳо рехта, истеъфои раисиҷумҳур Башор Асадро талаб карданд. Ин бузургтарин намоиши эътирозӣ алайҳи режими Башор Асад дар чаҳор моҳи ахир буд. Як рӯз баъд аз он сарвари кишвар волии вилоятро аз мақомаш барканор намуд.