Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар шаҳри Тоҷӣ 27 кушта бар ҷой гузошт


Бар асари ду таркиш дар шаҳри Тоҷӣ, воқеъ дар шимоли шаҳри Бағдод, 27 нафар кушта ва тақрибан 50 кас захмӣ шуданд.

Ба иттилоъи мақомоти маҳаллӣ, як мошини ҳомили маводи тарканда дар канори бинои ҳукуматӣ инфиҷор шуд. Таркиши дуввум баъди он рӯх дод, ки кормандони полис ба ҷойи ҳодиса омаданд.

Ҳафтаҳои ахир ҳамлаҳои интиҳорӣ дар Ироқ афзоиш ёфтааст. Моҳи гузашта бар асари ин ҳамлаҳо 270 нафар ба ҳалокат расида буданд.
XS
SM
MD
LG