Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар амалиёти низомиён дар Ҳама се кас ҷон бохтанд


Ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия дар бораи боздошти садҳо сокинони шаҳри Ҳама, ки ҳафтаи гузашта ба саҳнаи намоишҳои густардаи эътирозӣ алайҳи раисиҷумҳур Башор Асад табдил шуда буд, хабар доданд.

Як табиби маҳаллӣ гуфт, ки дар амалиёти низомиёну нерӯҳои амниятӣ се нафар, аз ҷумла, як навраси 13-сола ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи сокинони маҳаллӣ, субҳи рӯзи 4 июл дасти кам 30 автобус бо афсарону сарбозон вориди шаҳри Ҳама шуд.

Ромид Абдураҳмон, раиси созмони дидбони ҳуқуқи башари Сурия, ба хабаргузории Рейтер гуфтааст, ки дар атрофи шаҳри Ҳама низ 250 нафар аз мухолифини ҳукумат боздошт шудаанд.

Рӯзи 1 июл дасти кам 150 ҳазор сокинони шаҳри Ҳама ба хиёбонҳо рехта, истеъфои раисиҷумҳур Башор Асадро талаб карданд. Як рӯз баъд аз ин сарвари кишвар волии вилоятро аз мақом барканор намуд.

Ба иттилоъи ҳомиёни ҳуқуқи башар, тайи тақрибан чаҳор моҳи эътирозҳо дар задухӯрдҳо бо полису нерӯҳои амниятӣ дар Сурия ҳудуди 1300 сокини осоишта ба ҳалокат расиданд.

Мақомоти Сурия, дар навбати худ, мегӯянд, ки бар асари ҳамлаи авбошҳо моҳҳои ахир 500 корманди полис ва сарбозони ҳукуматӣ ҷон бохтанд.
XS
SM
MD
LG