Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикори фармондеҳи ФАРК дар Колумбия идома дорад


Раисиҷумҳури Колумбия Хуан Мануэл Сантос гуфт, раҳбари аршади ҷунбиши чапгарои чирикии мавсум ба Нирӯҳои мусаллаҳи инқилобӣ (ФАРК) аз як ҳамла ба қароргоҳаш ҷони солим ба дар овардааст. Сантос гуфт, Алфонсо Кано ин пойгоҳро ҳамагӣ ним рӯз қабл аз оғози ҳамла тарк гуфта, ҳатто барои бурдани сарулибос ва ду сагаш, ки ҳамеша ӯро ҳамроҳӣ мекарданд, фурсат наёфтааст. Сантос гуфт, ин бори севвум буд, ки давлат фармондеҳи аршади чирикиҳоро қариб ба даст меовард.
XS
SM
MD
LG