Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти густардаи норозиён дар Марокаш


Ҳазорон нафар бо эътироз аз дигаргуниҳои қонуни асосӣ ба кӯчаҳои шаҳри Тангирси Марокаш рехтанд. Шоҳи Марокаш Муҳаммад бархе аз салоҳиятҳои худро ба мақомоти интихобӣ интиқол дод. Ҳукумат мегӯяд, 98,5 дарсади мардум дар назархоҳии умумии 1-уми июл аз ин ислоҳот пуштибонӣ карданд. Вале норозиён мегӯянд, дигаргуниҳо кофӣ нестанд ва натиҷаҳои назарсанҷӣ дасткорӣ шудаанд. Хабаргузории Ройтерз мегӯяд, наздик ба 10 ҳазор нафар дар ин тазоҳурот ширкат карданд, вале мақомоти давлат теъдоди тазоҳуркунандагонро 1000 нафар номиданд ва гуфтанд 3 000 нафари дигар, баръакс аз ислоҳот ҳимоят карданд.
XS
SM
MD
LG