Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёдбуди суқути ҳавопаймои мусофирбари Эрон


Дар Эрон маросими ёдбуди қурбониёни ҳавопаймои мусофирбаре баргузор гашт, ки 23 сол пеш бо мушаки киштии ҷангии Иёлоти Муттаҳида суқут ёфта, дар натиҷа 290 сарнишинаш ба ҳалокат расида буданд. Дар он наздикони кушташудагони парвози 655 ширкат карданд. Ҳавопаймо 3-юми июли соли 1988 бо мушаке, ки аз киштии ҳарбии “Винсеннес”-И Иёлоти Муттаҳида партоб шуда буд, дар фарози гулӯгоҳи Ҳурмузд суқут кард. Иёлоти Муттаҳида ин воқеаро як иштибоҳ номида буд. Эрон мегуфт, ҳамла амдан сурат гирифта, як ҷинояти байнулмилалист. Дар соли 1999 Эрон гуфт, 130 миллион доллар ҷуброн дарёфт кардааст, ки хисороти хонаводаи қурбониёнро низ дар бар мегирифт.
XS
SM
MD
LG