Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи узви дастаи "Лола" дар ҷашнвораи Эсамбоев


Ҳунарпешаи дастаи рақсии “Лола”-и Тоҷикистон, Зокир Ортиқов, дар ҷашнвораи байнулмилалии гиромидошти хотираи устоди рақс Маҳмуд Эсамбоев дар Грознӣ, пойтахти Чеченистон ҷои савумро ишғол кард. Дар ин ҷашнвора ҳунапешагон аз Русия, Туркия, Испания ва кишварҳои дигар ширкат доштанд. Ҷои аввалро ҳунармандони дастаи рақси ба номи Игор Моисееви Маскав ва дувумро намояндагони Тува ва Доғистон гирифтанд. Дар поёни ҷашнвора раисиҷумҳури Чеченистон, Рамзан Қодиров ба саҳми ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, Маҳмуд Эсамбоев дар таблиғи ҳунари халқҳои гуногун арҷ гузошт ва аз ширкаткунандагони он сипосгузорӣ кард.
XS
SM
MD
LG