Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии мухолифин дар интихоботи Таиланд


Таксин Шинаватра
Таксин Шинаватра
Натоиҷи экзит-поллҳо дар ҷараёни интихоботи имрӯзаи Таиланд ҳокии пирӯзии бузурги ҳизби Фею Тайи Йиндлук Шинаватра, хоҳари сарвазири собиқ ва раҳбари ҷунбиши зиддидавлатии “куртасурхҳо” Таксин Шинаватра аст. Дар сурати таъйиди ин пирӯзӣ аз сӯи куммиссиюни интихобот, ӯ нахустин зане хоҳад шуд, ки ба симати сарвазирии Таиланд хоҳад расид. Интихоботи имрӯзаи парлумонӣ нахустин раъйгирӣ дар ин кишвари Осиёи ҷанубушарқӣ баъд аз6 соли танишҳои сиёсӣ ва эътирозҳои густардаи соли гузашта дар пойтахташ – Бангкок аст, ки ҳудуди 90 кушта ва 2000 захмӣ ба ҷо гузошта буд. Ҳизби Йиндлук бо Таксин Шинаватра, ки соли 2006 тавассути кудатои низомӣ барканор шуда, феълан дар хориҷ ба сар мебарад, наздик аст.
XS
SM
MD
LG