Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асад волии Ҳаморо барканор кард


Раисиҷумҳури Сурия Башшор Асад зоҳиран ба хотири фурӯ нишондани доманаи эътирозҳо алайҳи режимаш волии шаҳри калидии Ҳамморо барканор кард. Хабаргузории расмии САНА аммо танҳо бо нашри ин хабар иктифо карда, далоили барканории ин мақомро наовардааст. Рӯзи ҷумъа ҳудуди 200 000 нафар ба хиёбонҳои Ҳамо рехтанд, ки аз бузургтарин эътирозҳои рӯзи 1 июл дар саросари Сурия буд. Эътирозҳо дирӯз дар шаҳрҳои дигар, аз ҷумла дар пойтахт- Димишқ низ доир шуд. Ба гуфтаи фаъолон, рӯзи ҷумъа дар ҷараёни эътирозҳои саросарӣ алайҳи 40 соли ҳукумати хонаводаи Асад бар асари даргириҳо бо нирӯҳои амниятӣ дастикам 11 нафар ҷон бохтанд.
XS
SM
MD
LG