Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғарб аз Беларус талаби ислоҳот кард


Беларус бо талаби анҷоми ислоҳоти демократӣ таҳти мавҷи нави фишори байналмилалӣ қарор гирифтааст. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон ва САҲА ба чунин ислоҳот дар Беларус даъват карданд. Клинтон дар Вилнюс дар пайи мулоқот бо раисиҷумҳури Литва Далия Грибацскайте гуфт, «мо талаб дорем, ки Беларус маҳбусони сиёсиро раҳо карда, пой ба роҳи ислоҳоти демократӣ гузорад.» Клинтон ҳамчунин бо гурӯҳе аз фаъолони беларусӣ мулоқот кардааст. Дар ҳамин ҳол, САҲА низ аз раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка хост, то ба «таъқиби бесобиқа»-и матбуот дар пайи интихоботи пурбаҳси моҳи декабри раёсати ин ҷумҳурӣ поён диҳад. Лукашенка ахиран гуфт, эътирозҳои бештарро дар кишвараш таҳаммул нахоҳад кард. Бӯҳрони молӣ боиси мавҷи нави эътирозҳо дар Беларус шудааст.
XS
SM
MD
LG