Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муроҷиати қирғизтаборони Ҷиргатол ба ҳукумати Қирғизистон


Сокинони қирғизтабори деҳаҳои Мок ва Депари ноҳияи Ҷиргатоли Тоҷикистон, ки бар асари сел аз пули рӯи рӯдхона маҳрум шудаанд, барои сохтани чунин пул ба ҳукумати Қирғизистон муроҷиат кардаанд. Онҳо бар инанд, ки мақомоти Тоҷикистон ба вазъашон расидагӣ нахоҳанд кард. Набуди пул аҳолии ин рустоҳоро аз маводи ғизоӣ ва дорувор маҳрум кардааст. Сокинон ҳафтае пеш ба мақомоти Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, вале посух нагирифтаанд.
XS
SM
MD
LG