Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доминик Стросс-Кан имрӯз дар додгоҳ ҳозир мешавад


Доминик Стросс-Кан, раиси пешини Сандуқи байнулмилали пул, бояд имрӯз дубора дар додгоҳи Ню-Йорк ҳозир шавад. Ба гуфтаи вакили мудофеъи ӯ Бенҷамин Брафман, интизор меравад, ки додгоҳ шароити кафолати озодии Стросс-Канро бознигарӣ кунад.

Раиси пешини Сандуқи байнулмилалии пул 14 май дар Ню-Йорк бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси як ходимаи меҳмонсаро боздошт шуд. Доминик Стросс-Кан иттиҳомро рад кард ва аммо аз мақомаш истеъфо дод.

Додгоҳ ӯро баъд аз пардохти гаравпулӣ -як миллион доллари нақд ва 5 миллион аз тариқи қоғазҳои гаронбаҳо аз маҳбас озод кард ва таҳти ҳабси хонагӣ қарор дод.
XS
SM
MD
LG