Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи вижаи Ҳарирӣ дастури боздошт содир кард


Имрӯз додситони давлатии Лубнон айбномаи Додгоҳи вижаи СММ барои Лубнонро дарёфт кард. Ин додгоҳ ба куштори нахуствазир Рафиқ Ҳарирӣ дар соли 2005 расидагӣ анҷом медиҳад. Додситонии давлатӣ гуфт, ки вай ҳам 4 дастури боздошт аз Додгоҳи Вижаи СММ барои Лубнон аз Ҳейг дарёфт кардааст. Интизор мерафт, ки дар ин айбнома аъзои гурӯҳи низомии шиаҳо ва гурӯҳи сиёсии Ҳизбуллоҳ муттаҳам дониста шаванд. Додгоҳи Вижаи СММ ба Лубнон як моҳ вақт додааст, то ба ин дастур посух диҳад. Бад-ин манзур қарор аст дар поёни имрӯз кобинаи Лубнон барои таъйини хати маши худ дар қиболи ин дархости додгоҳ ҷаласа баргузор кунад. Ихтилофи назарҳо роҷеъ ба айбномаи Додгоҳи вижаи СММ дар кишвар мушкилоти сиёсӣ пеш овардааст ва хатари нооромиҳои мазҳабӣ вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG