Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Корол" аз Тоҷикистон ҷоизаи президенти Русияро дарёфт кард


Бино ба хабари расонаҳои Русия, дар мусобиқоти асптозӣ барои дарёфти ҷоизаи раиси ҷумҳури ин кишвар аспе бо номи “Корол” аз Тоҷикистон пирӯз шудааст. Ин асп соли 2007 дар Амрико таваллуд шудааст ва ҳоло ба яке аз шахсиятҳо дар Тоҷикистон тааллуқ доштаааст. “Корол” масофаи 2,4 километрро дар 2 дақиқаву 34 сония тай кардааст ва аз 15 аспи дигар аз кишварҳои муштаракулманофеъ пеш гузаштааст. Ҷоизаи аспи ғолиб 10 миллион рубли русӣ будааст. Дар ин мусобиқот руасои ҷамоҳири Русияву Арманистон ва Тотористон ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG