Пайвандҳои дастрасӣ

Мурофиаи додгоҳии аъзои "Ал-Қоида" дар Саудӣ


Дар Арабистони саудӣ мурофиаи додгоҳии 85 узви эҳтимолии шабакаи «Ал-Қоида», ки, аз ҷумла, дар даст доштан дар ҳамлаҳои террористӣ айбдор мешаванд, оғоз ёфт.

Ба иттилоъи хабаргузории саудии SPA, 13 нафар онҳо дар ташкили се инфиҷори мошинҳо дар Ар-Риёз дар моҳи майи соли 2003 муттаҳам мешаванд – дар ин таркишҳо беш аз 30 нафар ба ҳалокат расиданд.

Додситонӣ дигар боздоштшудагонро дар ҳамла ба кормандони амниятӣ, ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳ, сохтани бомбҳо ва ширкат дар яғмо бо истифода аз силоҳ айбдор мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG