Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Афғонистон ба барканории 5 узви додгоҳ раъй дод


Аъзои порлумони Афғонистон ба барканории панҷ узви аршади Додгоҳи олии Афғонистон раъй доданд. Ин иқдом, ки бӯҳрони сиёсии мавҷуда дар кишварро амиқтар кард, баъди он рӯй дод, ки трибунали вижаи таъсисдодаи раисиҷумҳур Ҳомид Карзай рӯзи панҷшанбеи 23-юми июн мандати 62 узи порлумонро ғайриқонунӣ хонд ва хостори ихроҷи онҳо аз маҷлис шуд. Талҳилгарон мегӯянд, иқдоми қонунгузорон алайҳи додварон баёнгари дилсардии онҳо аз нотавонии додгоҳ дар муқобили қарори трибунал аст.
XS
SM
MD
LG