Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э. Раҳмон: "Муборизаи ҷаҳон бо терроризм номуассир аст."


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии мубориза бо терроризм дар Теҳрон пойтахти Эрон талошҳои ҷомеаи ҷаҳонииро дар баробари ваҳшатафканӣ пас аз 9-уми сентябри соли 2001 номуассир хонд ва изҳори таассуф кард, ки то ҳанӯз «ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти таҳия ва татбиқи амалии Барномаи фарогири созанда ва мусбат, ки ҳадафи он пеш аз ҳама, аз байн бурдани сабабҳои умдаи пайдоиши терроризми фаромиллӣ бошад, қадамҳои ҷиддӣ нагузоштаст». Вай яке аз сабабҳои густариши терроризмро “фарқи аз ҳад зиёди миёни сатҳи зиндагии мардуми кишварҳои сарватманд ва кишварҳои камбизоат” унвон кард. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ пайванд доданидину мазҳаби мушаххас, аз ҷумла исломро бо терроризм маҳкум намуда, изҳор дошт, ки чунин масъалагузорӣ «дарвоқеъ ба манфиати террористон” аст.
XS
SM
MD
LG