Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садди вуруд ба порламони Русия поинтар рафт


Дмитрий Медведев
Дмитрий Медведев
Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия дар санаде имзо гузошт, ки акнун тибқи он ҳизбҳои сиёсии ин кишвар дар интихобот метавонанд бо касби 5 дарсаи райи интихобкунандагон ба Думаи Давлатӣ роҳ ёбанд. Қаблан ин меъёр 7 дарсад муқаррар шуда буд. Ин тағирот ба интихоботи оянда, ки моҳи декабри соли ҷорӣ баргузор мешавад, иртибот надорад, балки дар интихоботи дигар эътибор пайдо мекунад. Соли 2005 Владимир Путин-раиси ҷумҳури вақт меъёрро аз 5 ба 7 дарсад боло бурда буд, то баъзе ҳизбҳо натвонанд ба порламон ворид шаванд.
XS
SM
MD
LG