Марзбонҳои ӯзбак тайи ду моҳи ахир ҳадди аққал 13 нафареро, ки аз вилояти Бодканди Қирғизистон ба қаламрави кишвар гузаштанӣ шуданд, ҳадафи тир қарор доданд.
Мақомоти Ӯзбакистон дар сӯҳбат бо бахши узбакии Радиои Озодӣ иқрор карданд, марзбонҳо алайҳи марзшиканҳо ва қочоқбароне, ки амри онҳоро нодида мегиранд, аз силоҳи оташфишон истифода мебаранд.
Ба гуфтаи Хуршедбек Турсунов, муовини ҳокими ноҳияи Фарғона, дар ҳодисаҳои куштор дар марз на сарҳадбонҳо, балки онҳое айбдоранд, ки талоши убури ғайриқонунии марзи кишварро кардаанд.
Тайи ду моҳи ахир ҳадди аққал дар чаҳор деҳаи воқеъ дар марзи Ӯзбакистону Қирғизистон – Чимиён, Ҳолмиён, Миндон ва Водил ҳодисаҳои ҳалокати одамон аз тири марзбонҳои ӯзбак сабт шудааст.