Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Брюссел бӯҳрони Юнон баррасӣ мешавад


Эътирозҳо дар Юнон идома доранд
Эътирозҳо дар Юнон идома доранд
Имрӯз дар Брюссел нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ифтитоҳ мешавад.

Мавзӯъи асосии нишаст – баррасии бӯҳрони шадид молиявӣ дар Юнон эълон шудааст.

Агар ҳафтаи оянда парлумони Юнон барномаи ҳукумат барои 28 миллиард евро коҳиш додани масрафоти буҷа ва ба маблағи 50 миллиард евро хусусӣ гардонидани ширкатҳои давлатиро тасдиқ накунад, Юнон ба дарёфти қарзи 12 миллиард еврогӣ дар чаҳорчӯби кӯмаки молиявӣ аз Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пул муваффақ нахоҳад шуд.

Сарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин авзоъ дар Либия ва Сурия ва ҳамчунин мавзӯъи вуруди Хорватия ба Иттиҳодияро баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG