Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабанигори бандӣ ба маҳбаси Хуҷанд интиқол ёфт


Урунбой Усмонов ( акс аз тобистони соли 2010)
Урунбой Усмонов ( акс аз тобистони соли 2010)
Урунбой Усмонов, хабарнигори боздоштшудаи бахши узбакии радиои ВВС дар шаҳри Хуҷанд пас аз даҳ рӯзи боздошт дар сохтмони идораи амнияти вилояти Суғд, ба боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд (СИЗО) интиқол ёфт.
Зимни таъйиди ин хабар ба РО хонуми Урунбой Усмонов Малоҳат Абдураҳимова гуфт: «шавҳарамро субҳи имрӯз 22 июн аз идораи амният ба Сизо -и шаҳри Хуҷанд кӯчонданд. Мо хоҳиш кардем, ки шавҳарамро бинам, аммо гуфтанд, ки коғаз (иҷозатнома) биёред.»
Файзинисо Воҳидова, вакили Урунбой Усмонов низ бар ин бовар аст, ки бо интиқоли зерҳимояаш ба СИЗО — и Хуҷанд имкони мулоқоти рӯ ба рӯ фароҳам хоҳад шуд. Зеро ба гуфтаи хонум Воҳидова зерҳимояаш дар мулоқоти рӯзи душанбе, ки дар ҳузури мақомоти тафтишот сурат гирифт, имкони озодона ва ошкор сӯҳбат карданро надоштааст.

Маъмурони ҳифзи ҳуқуқ Урунбой Усмоновро 13 июн бо гумони узвият дар созмони манъшудаи Ҳизбуттаҳрир боздошт карданд. Аммо худи Урунбой Усмонов мегӯяд боздошти вай ба фаъолияти журналистии вай рабт дорад. Ҳамчунин вакили мудофеъ, идораи марказии ВВС , созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон ва бархе аз сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ низ ба ин нукта таъкид мекунанд.
XS
SM
MD
LG