Имрӯз писари нуҳсолае, ки баъди суқути ҳавопаймо дар шимолу ғарби Русия маҷрӯҳ шуда буд, даргузашт. Фавти Антон Терёхин шумораи қурбониҳои садамаи ҳавопайморо ба 45 нафар баробар кард. 44 сарнишини дигари ҳавопаймо аз ҷумла модари Антон дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида буданд. Аммо хоҳари 14-солаи Антон -Анастасия дар байни 8 фарди наҷотёфта аст. Субҳи сешанбе ҳангоми нишаст дар фурудгоҳи Петрозаводски ҷумҳурии Карелияи Русия дар шароити номусоиди боду ҳаво ҳавопаймои Ту-134-и ширкати RusAir сарнагун шуд.