Мақомоти Либия мегӯянд, дар як ҳамлаи НАТО ба маҳалле дар ғарби шаҳри Троблус, 15 ғайринизомӣ, аз ҷумла 3 кӯдак кушта шудаанд. Паймони НАТО эътироф кард, ки ҳавопаймоҳояш маҳалли Сорманро ҳадаф гирифтанд, вале онҷо на хона балки таъсисоти низомӣ будааст. Мақомоти Либия ба хабарнигорон, як манзили вайроншудаеро нишон додаанд, ки ба Хувилди Ҳамидӣ, яке аз атрофиёни наздики ҳукумати Либия тааллуқ доштааст. Хабарнигоронро ҳамчунин ба шифохонае бурдаанд ва хабарнигори Франс Пресс мегӯяд, ҷасади 9 нафарро дидааст. Пештар аз ин паймони НАТО эътироф кард, ки хато хӯрдани як мушак аз ҳадафаш шояд сабаби марги ғайринизомиён дар як маҳалли маскунии Троблус шудааст.