Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти нави Би-Би-Сӣ дар робита ба боздошти У. Усмонов


Дафтари Би-Би-Сӣ дар Лондон
Дафтари Би-Би-Сӣ дар Лондон

Би-Би-Сӣ шеваи бархӯрд бо хабарнигори худро хилофи қонунҳои Тоҷикистон ва меъёрҳои байнулмилалӣ номид.

Бунгоҳи Суханпарокании Британия (Би-би-сӣ) дар як изҳороти нав маҳрумияти хабарнигори худ Урунбой Усмоновро аз тамоси мудаввом бо вакили мудофеъ ва хонаводаашро нақзи қонунҳои Тоҷикистон ва меъёрҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ эълон кард.

Дар ин санад гуфта мешавад, бо вуҷуди эътирози Би-Би-Сӣ аз боздошти Урунов ва даъвати озодии ӯ, ки рӯзи 14-уми июн, як рӯз пас аз ҳабси Усмонов нашр шуд ва бо вуҷули баёнияҳои сафоратҳои Британия ва ИМА дар ин бора вазъ тағйир нахӯрдааст.

Раҳбарияти Бунгоҳи Суханпарокании Британия ҳамчунин мусоҳибаеро, ки "аз тарафи хадамоти амниятӣ тарҳ шуда", дар торнамои Press.tj мунташир гаштааст, нақзи меъёрҳои адлия ва ҳуқуқ ба бегуноҳӣ шумурда, аз он шадидан интиқод кардааст.

Изҳорот дар ҳоле ба нашр мерасад, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар баёнияе хабарнигор У. Усмоновро ба узвият дар созмони мамнӯъи Ҳизб-ут-таҳрир, робита бо аъзои он дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон ва нашри адабиёти ин гурӯҳ муттаҳам медонад.

Дар ҳамин ҳол сарони Сафоратҳои Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дар як изҳороти муштарак аз боздошти гузоришгари Би-Би-Сӣ, Урунбой Усмонов изҳори нигаронӣ кардаанд. Дар изҳорот ҳамчунин нигаронии Иттиҳоди Аврупо аз «хабарҳои муносибати бераҳмонаи ниҳодҳои амниятӣ» бо ҷаноби Усмонов таъкид шудааст.

Дар ин изҳорот омадааст: «Ба фаҳмиши мо, дертар ӯ ба узвият дар "Ҳизб-ут-Таҳрир" айбдор шудааст. Мо аз мақомоти давлати Тоҷикистон даъват мекунем, шикояти муносибати бераҳмона бо Усмонов ба таври комил таҳқиқ шавад.»

Сафоратҳои Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин гуфтаанд, аз он нигаронанд, ки аз лаҳзаи боздошти Усмонов сар карда, то ҳоло қоидаҳои додгоҳӣ нисбати ӯ муроот нашудаанд.

Сипас дар баёния омадааст: «Иттиҳоди Аврупо ҳамоно ба аҳамияти озодии васоити ахбори ом дар Тоҷикистон таъкид мекунад ва дар айни ҳол талошҳои Ҳукумати Тоҷикистонро дар таъмини субот ва амният дар мамлакат эътироф намуда, аз мақомоти давлати Тоҷикистон даъват мекунад, меъёрҳои шаффофи байнулмилалии додгоҳиро ба кор барад.»

Дар ин изҳорот ҳамчунин зикр шудааст, ки Иттиҳоди Аврупо, ки 27 кишварро муттаҳид мекунад, яке аз бузургтарин имдодрасонҳои ҷаҳон аст. Он аз соли 1992 тот ҳоло ба Тоҷикистон ба сураъти умум зиёда аз 500 миллион евро кӯмак расондааст.

Изҳороти Иттиҳоди Аврупо дар ҳоле нашр мешавад, ки пештар сафоратҳои Британия ва Иёлоти Муттаҳида, созмонҳои байнулмилалӣ ва дохилии журналистӣ ва ҳифзи озодии баён аз ҳабси хабарнигори Бахши Осиёи Марказии Би-Би-Сӣ Урунбой Усмонов изҳори нигаронӣ карда, ба мурооти меъёрҳои ҳуқуқӣ, таҳқиқи шаффоф ва дар сурати набуди далелҳои қотеъ ба озодии хабарнигор даъват намуданд.

Ҳамчунин рӯзи 20-уми июн дар рӯбарӯи сафорати Тоҷикистон дар Лондон тазоҳуроте баргузор шуд, ки ширкаткунандагони он озодии Урунбой Усмонов ва дифоъ аз озодии баён дар Тоҷикистонро тақозо карданд.
XS
SM
MD
LG