Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норозиёни Эрон аз СММ кӯмак хостанд


Марям Раҷавӣ-раҳбари Муҷоҳидини Халқи Эрон
Марям Раҷавӣ-раҳбари Муҷоҳидини Халқи Эрон
Хонум Марям Раҷавӣ-раҳбари Муҷоҳидини Халқи Эрон, ки аз норозиёни сисёсии Эрон ба шумор меравад, аз СММ хост, ки созмони вайро аз нируҳои Ироқ ҳимоят кунад. Ин даъват пас аз он садо додааст, ки нируҳои амниятии Ироқ ба ин гурӯҳ, ки дар Ироқ пойгоҳ дорад, ҳамла бурдаанд. Марям Раҷавӣ дар Фаронса хитоб ба ҷонибдоронаш гуфтааст, ки назорати СММ бар урдугоҳи Ашраф беҳтарин роҳи ҳимоят аз аъзои ин созмон аст, ки дар он ҷо мустақар мебошанд. Ин урдугоҳ дар 65 километрии шимоли шаҳри Бағдод-пойтахти Ироқ ҷой гирифтааст. Амрико, Ироқ ва Эрон созмони Муҷоҳидини Халқро созмони террористӣ эълон кардаанд.
XS
SM
MD
LG