Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва шаҳри Питер оид ба муҳоҷират ҳамкорӣ мекунанд


Бино ба хабари “Азия-Плюс”, дар ҷараёни боздиди ҳайати Хадамоти муҳоҷиратии шаҳри Санкт Петербург ва вилояти Ленингарди Русия масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шудааст. Ҷониби Тоҷикистон изҳор доштааст, ки ҳоло раванди интихоби кормандони Хадамоти муҳоҷиратии тозатаъсиси Тоҷикистон идома дорад ва дар ояндаи наздик намояндаи ин хадамот барои шаҳри Санкт-Петербург интихоб ва ба он ҷо фиристода хоҳад шуд. Ҷониби Русия изҳор доштааст, ки дар қонуни Русия мӯҳлати сабти номи муҳоҷири воридшуда то як ҳафта тамдид хоҳад шуд. Ҳоло барои сабти ном дар Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ 3 рӯзи корӣ пешбинӣ шудааст. Ҷонибҳо ба тавофуқ расидаанд, ки базаи ягонаи маълумот дар бораи муҳоҷирон ва афроди депортшуда ё ба муҷозот кашондашуда дошта бошанд.
XS
SM
MD
LG