Георгиос Папандреу, сарвазири Юнон, дар чаҳорчӯби тағйирот дар ҳукумат, вазири молияро аз мақомаш барканор намуд.
Ба иттилоъи телевизиони Юнон, ба ин мақом Эвангелос Венизелос пешбарӣ шуд, ки аз ин пеш курсии вазири дифоъро ишғол мекард. Зимнан, Венизелос рақиби асосии Папандреу дар мубориза барои раёсати ҳизби сотсиалистӣ буд.
Ҳукумати Юнон дар чаҳорчӯби мубориза бо бӯҳрони шадиди молиявӣ дар кишвар коҳиши масрафоти буҷаро ба роҳ мондааст.
Мубориза бо касри буҷа – шарти асосии Итиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пул барои дар ихтиёри Юнон гузоштани қарзи 110 миллиард еврогӣ эълон шудааст.