Матбуоти Амрико мегӯяд, фармондеҳи артиши Покистон генерал Ашфақ Каёнӣ, ки аз сӯи низомиҳо бо талаби коҳиши равобит бо Вошингтон таҳти фишор қарор гирифтааст, барои ҳифзи курсиаш мубориза мебарад.Нашрияҳои "New York Times" ва " Washington Post" хабар доданд, ки генералҳо ва афсарони аршади покистонӣ дар пасманзари амалиёти якуним моҳ пеши нирӯҳои вижаи Амрико, ки бо қатли раҳбари Ал-Қоида Усома Бин Лодин дар дохили Покистон анҷомид, аз муносиботи, ба гуфтаи онҳо, наздики Каёнӣ бо Амрико ба хашм омадаанд. Амрико ин амалиётро махфӣ анҷом дод, ки боиси ранҷиш ва худро таҳқиршуда эҳсос кардани низомиҳову амниятиҳои Покистон шуд. Ин амалиёт ҳамчунин мояи сарусадоҳо дар бораи нотавонии низомиҳо ва ҳатто имкони ҳамдастии бархеи онҳо шуд.
Як мақоми амрикоӣ бидуни бурдани ном гуфтааст, генерал Каёнӣ акнун “барои бақои худ набард мекунад.”
Як мақоми амрикоӣ бидуни бурдани ном гуфтааст, генерал Каёнӣ акнун “барои бақои худ набард мекунад.”