Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

CPJ боздошти Усмоновро маҳкум мекунад


Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, мақараш дар Ню-Йорк боздошти хабарнигори бахши узбакии ББС дар вилояти Суғд Урунбой Усмоновро маҳкум карда, хостори раҳоии билофосилаи ӯ шуд. Музаффар Сулаймонов, як масъули ин созмон ба Радиои Озодӣ гуфт, Усмоновро зоҳиран барои фаъолияти хабарнигориаш боздошт кардаанд.
Урунбой Усмонов рӯзи душанбе бо иттиҳоми узвият дар Ҳизб-ут-Таҳрир боздошт шуд.
XS
SM
MD
LG