Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон хатарноктарин кишвар барои занон


Коршиносони байналмилалӣ Афғонистонро макони аз ҳама серхатар дар ҷаҳон барои занон унвон кардаанд.

Хадамоти хабарии Трастлов (TrustLaw), ки дар чорчӯби Бунёди Томсон Рейтерс (Thomson Reuters Foundation) фаъолият мекунад, ҳамчунон Покистон, Ҷумҳурии Демократии Конго, Ҳиндустон ва Сомалиро дар сафи аввали кишварҳои аз ҳама серхатар барои занон ҷо додааст.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Моника Вилла, раиси Бунёди Томсон Рейтерс гуфт, ки дар баъзе ҳолатҳо хатари ноаён аз назари муҳаққиқон дур мемонад: “Ин хатарҳо барои занон таҳдиди ҷиддӣ ба бор меоранд, ҳарчанд, ки онҳо ба мисли таҷовуз ба номус ва куштор ошкор нестанд. Мо ин таҳдидҳоро хатари ноаён меномем. Баъзан ин камбағалӣ, табъиз ва омили фарҳангӣ ва ё низоми беҳдошт аст. Шумо ба панҷ кишвари аз ҳама хатарнок барои занон назар кунед ва шаҳодати онро хоҳед дид.”

АФҒОНИСТОН АЗ ҲАМА ХАТАРНОКТАР БАРОИ ЗАНҲО

Дар пажӯҳиши хадамоти хабарии Трастлов, 200 корманди созмонҳои хайрия, мутахассисон, устодони донишгоҳҳо, кормандони низоми беҳдошт, сиёсатмадорон ва рӯзноманигорони кишварҳои мухталиф иштирок карданд. Онҳо Афғонистони ҷангзадаро макони аз ҳама серхатар барои занон номидаанд.

Рӯзи 14-уми июн дар шаҳри Кобул аснои ҷашни рӯзи модарон, вакили парламенти Афғонистон аз вилояти Хуст Соира Шариф шиква кард, ки дар ин кишвар мушкилоти занон ҳеҷ ҳалли худро пайдо намекунанд: “Дар шароити ҷанг занон доимо бародар, падар ва ё фарзадонашонро аз даст медиҳанд. Мутаассифона дар тӯли даҳ соле, ки мо онро даҳсолаи ҳукми қонунӣ унвон додаем, мушкили занони Афғонистон рафъ нашудаанд. Ҳукумат ва хориҷиён масъалаи занонро ҳамчун шиор истифода мебаранд. Вақте дар ҷараёни чорабиниҳо онҳо аз занон ёд мекунанд, онҳо шояд фикр мекунанд, ки занон фақат дар Кобул иқомат доранд. Иқдомҳои онҳо муассир нестанд. То ҳанӯз дар баъзе вилоятҳо бо занон тавре муносибат мекунанд, ки онҳо инсон набошанд.”

Бар пояи пажӯҳишҳои расида, дар Афғонистон аз ҳар 11 зани ҳомила яке ҳангоми зоиши кӯдак ба ҳалокат мерасад.

КОНГО ДАР РАДДАИ ДУВВУМ ҚАРОР ДОРАД

Ҷумҳурии Демократии Конго дуввумин макони серхатар
барои занон номбар шудааст. Дар пайи ҷанги шаҳрвандии солҳои 1998-2003-ум, ки ҳаёти камаш 5 миллион нафарро аз байн бурд, Конго бо бӯҳрони башарӣ мувоҷеҳ аст. Як таҳқиқоти донишмандони амрикоӣ дарёфт, ки дар байни 12 моҳи солҳои 2006-2007-ум дар Конго ҳодисаҳои таҷовуз ба номуси камаш 400 ҳазор зани аз 15 то 49 сола сурат гирифтааст.

ҚАТЛҲОИ НОМУСӢ ДАР ПОКИСТОН АФЗУДААНД

Покистон ба шарофати кушторҳои ба ном “ҳифзи шараф”, издивоҷҳои иҷборӣ ва издивоҷҳои ноболиғон, сангсор ва латту кӯби занон дар ҷои сеюми рӯйхати сиёҳ қарор гирифтааст. Муаллифони пажӯҳиш зикр намудаанд, ки баъзан анъанаҳои фарҳангӣ, қабилавӣ ва динии Покистон ба шаъну шарафи занон латма мезананд.

Ҳомии ҳуқуқи занони покистонӣ Шакило Хон як ҳодисаро ба ёд меорад: “Дар шаҳри Ҳарипур як марде бо ҳамсари рафиқаш равобити ҷинсӣ доштааст. Вақте рафиқи ин мард аз ҳодиса огаҳ мешавад, ӯ ҳамсарашро талоқ карда, ҳамроҳ бо бародаронаш ба деҳаи марди зинокор меравад. Онҳо сару либоси модари ӯро аз танаш кашида, бо зани солхӯрдаи бараҳна дар кӯчаҳои деҳа сайр мекунанд.”

Дар гузориш ҳамчунон нигаронии зиёд аз вазъи занон дар Ҳиндустону Сомалӣ ба чашм мехӯрад, вале муаллифон мегӯянд, аҳволи занон дар Судон, Ҳаитӣ, Арабистони Саудӣ, Нигерия ва Банладеш ба қадри кофӣ нодидаву поймол мешавад.
XS
SM
MD
LG